Луқо* 5:12-13
Луқо* 5:12-13 KMO
Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марде аз сар то по гирифтори бемории пӯст буд. Он бемор Исоро дида, рӯй ба замин ниҳоду илтимос кард: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва ҳамон дам пӯсташ сиҳат шуд.