YouVersion Logo
Search Icon

Яҳудо Пешгуфтор

Пешгуфтор
Муаллифи китоб худро бо номи Яҳудо, бародари Яъқуб шинос мекунад ва бисёр муҳаққиқон чунин меҳисобанд, ки ин ҳамон Яъқуби шогирд ё бародари Исои Масеҳ буд. Ин мактуб ба ҳамаи имондороне, ки ҳамчун интихобшудагон ва дӯстдорони Худо муаррифӣ шудаанд, навишта шудааст.
Мақсади мактуб огоҳ кардани имондорон аз касонест, ки таълимоти дурӯғинро дар бораи файзу меҳрубонии Худо таълим медиҳанд. Дар мактуб воқеаҳо аз таърихи халқи Исроил, ки дар китоби Аҳди Қадим навишта шудаанд, мисол оварда шудааст. Масалан, ба воситаи Мусо аз ғуломии Миср бароварда шудани халқи Исроил. Мисоли дигар аз китоби Ҳанух пайғамбар мебошад, ки дар он дар бораи аз осмонҳо ронда шудани фариштагон нақл карда шудааст. Ҳамчунин дар мактуб зикр шудааст, ки аҳолии шаҳрҳои Садум ва Амуро аз сабаби бадахлоқии беҳад зиёд бо оташе, ки Худо фиристод, сӯхта нобуд шуданд.
Муаллифи нома бо мисоли шахсони Аҳди Қадим худобехабаронро сарзаниш карда, имондоронро аз чунин роҳ огоҳ месозад. Яке аз мисолҳои овардашуда Қоин писари калонии Одам аст, ки шахси худпараст буд ва хости Худоро иҷро кардан намехост ва аз бахилӣ бародарашро кушта буд. Мисоли дигар Билъоми пулпараст аст, ки барои мукофоти шоҳона шуда, бо фиреб халқи Худо, Исроилро аз роҳ зада, сабабгори нобуд шудани бисёрии онҳо гашт. Боз як мисол Қӯраҳ аст, ки бар зидди қоидаҳои Худо баромада, мақоми коҳинро ба даст оварданӣ шуд, аммо дар натиҷаи исёни ӯ замин кушода шуда, ӯ ва шариконашро фурӯ бурд. Сипас, Яҳудо имондоронро насиҳат карда, Ҳанухро мисол меоварад, то онҳоеро, ки бозгаштани Исои Масеҳро интизоранд, рӯҳбаланд намояд, ки дар имони худ устувор бимонанд. Мактуб бо ҳамду сано ва таърифу ситоиши Худо ба охир мерасад.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in