YouVersion Logo
Search Icon

Яҳудо 1

1
Саломи Яҳудо ба ҳамаи имондорон
1Салом ба ҳамаи онҳое, ки Худо Падар даъват кардааст, дӯст доштааст ва ба воситаи Исои Масеҳ дар паноҳаш нигоҳ медорад. Ман, Яҳудо, ки хизматгори Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам, 2ба шумо раҳму шафқат, осоиштагӣ ва муҳаббати бештару бештар орзумандам!
Ҳукм шудани муаллимони дурӯғин
3Эй азизон, хеле мехостам ба шумо дар бораи наҷоте нависам, ки мо бо ҳам дар он шарик ҳастем. Лекин ҳоло зарур донистам, ки ин номаро навишта, шуморо рӯҳбаланд созам, то имонеро, ки боре ба халқи Худо дода шудааст, ҳимоя намоед. 4Зеро баъзе касон, ки дар бораи ҷазо гирифтанашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шуда буд, дар миёни шумо пинҳонӣ ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзу меҳрубонии Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд.
5Ҳоло мехоҳам он чиро, ки худатон хуб медонед, бори дигар ба шумо хотиррасон намоям. Худованд халқи Худро аз сарзамини Миср халос кард, вале сипас ҳамаи онҳоеро, ки имон надоштанд, нобуд сохт. 6Инчунин, фариштаҳоеро, ки мақоми худро нигоҳ надошта, манзилашонро тарк карданд, Худо занҷирбанд намуда, дар торикии абадӣ барои рӯзи бузурги қиёмат нигоҳ медорад. 7Мисли ин фариштаҳо, шаҳрҳои Садуму Амуро ва деҳоти гирду атрофи онҳо, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ ва хоҳишҳои ғайритабиӣ дода шуда буданд, ҳамчун намуна гирифтори ҷазои оташи абадӣ гаштанд.
8Айнан ҳамин тавр ин шахсони хобу хаёлпараст низ ҷисмашонро ҳаром мекунанду ҳеҷ ҳокимиятро қабул наменамоянд ва қувваҳои осмониро бадгӯйӣ мекунанд. 9Ҳол он ки ҳатто сардори фариштагон Микоил чун бо шайтон дар бораи ҷасади Мусо пайғамбар баҳс мекард, ба худ раво надид, ки ӯро дашном дода, айбдор кунад. Ӯ фақат ҳаминро гуфт: «Ҷазои туро Худованд диҳад». 10Ин одамон намедонанд, ки дар асл киро бадгӯйӣ мекунанд. Лекин онҳо ба монанди ҳайвони бефаросат донистагии ҳиссиёти худро иҷро мекунанд ва ба сари худ ҳалокат меоваранд. 11Вой бар ҳоли чунин одамон, чунки бо роҳи Қоин мераванд, пул гуфта, гирифтори хатои Билъом шудаанд ва саркашӣ намуда, мисли Қӯраҳ нобуд мешаванд. 12Онҳо ҳамроҳи шумо ба сари дастархон, ки бо муҳаббат барои хӯроки шоми Худованд ҷамъ мешавед, ба монанди сангҳои хатарноки зериобӣ мешинанду бар ивази дигаронро фикр кардан бешармона ғами шиками худро мехӯранд. Онҳо абрҳои беобанд, ки бод мебарад ва дарахтони бемеваанд, ки дар тирамоҳ решакан мешаванд ва дубора мемиранд. 13Онҳо мавҷҳои шадиди баҳранд, ки шармандагии худро мисли кафк рӯйи об мебароранд. Онҳо ситорагони овораанд, ки дар ҷойи тип-торик ҷазои абадӣ онҳоро интизор аст. 14Ҳамчунин Ҳанух, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор нафарони халқи Худ меояд. 15Ӯ меояд, то ки ҳамаро ҳукм кунад ва ҷони ҳар гунаҳкорро мувофиқи кирдори бадаш ва суханони бешармонааш, ки ба Ӯ гуфтааст, ҷазо диҳад». 16Онҳо ҳамеша шикоят мекунанд ва баҳона меҷӯянд, аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд, бо худ меболанд ва барои фоидаи худ хушомад мезананд.
Даъват ба вафодорӣ
17Аммо шумо, азизон, суханони фиристодагони Худовандамон Исои Масеҳро, ки пеш ба шумо гуфта буданд, фаромӯш накунед. 18Онҳо ба шумо чунин мегуфтанд: «Дар охирзамон шахсоне пайдо мешаванд, ки ростии Худоро масхара карда, аз пайи хоҳишҳои бади худ мераванд». 19Онҳо ҷудоӣ меандозанд, мувофиқи майлҳои ҷисмонӣ рафтор мекунанд, лекин Рӯҳулқудсро, яъне Рӯҳи Худоро надоранд. 20Аммо шумо, азизон, ҳамеша бо роҳнамоии Рӯҳулқудс дуо карда, имони поктаринатонро дар худ мустаҳкам созед. 21Дар муҳаббати Худо бимонед, чунки ҳоло дар интизори раҳму шафқати Худовандамон Исои Масеҳ ҳастед, ки он ба ҳаёти абадӣ мебарад. 22Нисбат ба онҳое, ки дудила ҳастанд, раҳмдил бошед. 23Баъзеро гӯё аз дами оташ кашида, наҷот диҳед. Нисбати баъзеи дигар дилсӯзӣ намоед, аммо эҳтиёт кунед ба либосе, ки олудаи ҷисми гунаҳкор аст, ҳатто даст нарасонед.
Дуои ҳамду сано
24Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта,
бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши шукӯҳу ҷалоли Худ оварда метавонад,
яъне 25бар Худои ягона, ки ба воситаи Худованд Исои Масеҳ Наҷотдиҳандаи мо шудааст,
шаъну шараф, шукӯҳу ҷалол ва қуввату қудрат
аз асрҳои пеш то имрӯз ва то абад бодо! Омин!

Currently Selected:

Яҳудо 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in