YouVersion Logo
Search Icon

Юҳанно* 21

21
Исо ба ҳафт шогирдаш аён мешавад
1Баъд аз ин Исо дар канори баҳри Табария бори дигар ба шогирдони Худ зоҳир шуд. Зоҳир шудани Ӯ ин тавр ба амал омад: 2Шимъуни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қонои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ – ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд. 3Шимъуни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман ба сайди моҳӣ меравам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», – гуфтанд дигарон.
Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд.
4Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст. 5Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не», – ҷавоб доданд онҳо. 6Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд. 7Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд Исо аст!» гуфт. Ҳамин ки Шимъуни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшида, чунки либосашро кашида буд, худро ба об партофт. 8Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.
9Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯйи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлуи он нон ҳам буд. 10Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред». 11Шимъуни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро ба соҳил кашида баровард. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд. 12Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст. 13Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам. 14Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш аз мурдагон, Худро ба шогирдон нишон дод.
Исо ва Петрус
15Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро бичарон», – гуфт Исо. 16Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ кун», – гуфт Исо. 17Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, – гуфт ӯ ба Исо. – Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон. 18Ба ту сухани ҳақ ва ростро мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад».
19Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки чӣ гуна мурдани Петрус Худоро шуҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».
Исо ва шогирди дӯстдоштааш
20Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти таоми шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Хоҷа, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?» 21Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?» 22Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ин ба ту чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»
23Бино бар ин, дар байни имондорон овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ин ба ту чӣ дахл дорад?» 24Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.
25Инчунин Исо боз бисёр корҳои дигареро ҳам кардааст. Агар ҳамаи онҳо навишта мешуданд, ба гумонам дар тамоми олам барои ин қадар китоби навишташуда ҷой ёфт намешуд.

Currently Selected:

Юҳанно* 21: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in