YouVersion Logo
Search Icon

Юҳанно* 18

18
Дастгир шудани Исо
1Пас аз ин суханон Исо ҳамроҳи шогирдонаш баромада, ба канори дигари водии Қидрӯн гузашт. Дар он ҷо боғе буд ва Исо бо шогирдонаш ба он боғ даромад. 2Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд. 3Инак, Яҳудо бо худ дастаи аскарони румӣ ва посбононро, ки аз тарафи коҳинони калон ва фарисиён фиристода шудаанд, ба он ҷо овард. Онҳо ҳама силоҳдор буданд ва дар даст чароғу машъал бардошта меомаданд.
4Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» 5Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Ман ҳастам#18:5 Нигоҳ ба эзоҳи 8:24», – ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд. 6Ҳамин ки Исо «Ин Ман ҳастам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд. 7Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», – гуфтанд онҳо. 8«Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд». 9Ӯ ин тавр гуфт, то ки суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд.
10Шимъуни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи саркоҳинро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малхус ном дошт. 11Исо ба Петрус гуфт: «Шамшератро ба ғилофаш андоз! Наход ки аз косаи ранҷу азобе, ки Падарам ба Ман додааст, нанӯшам?!»
12Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд. 13Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол саркоҳин буд. 14Қаёфо ин ҳамон шахсе буд, ки ба сардорони яҳудӣ маслиҳат дод, ки агар ба ҷойи тамоми мардум як нафар бимирад, беҳтар аст.
Петрус Исоро инкор мекунад
15Шимъуни Петрус ва як шогирди дигари Исо аз паси Ӯ рафтанд. Он шогирд бо саркоҳин ошноӣ дошт, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии саркоҳин даромад. 16Вале Петрус дар беруни ҳавлӣ, дар назди дарвоза истод. Пас он шогирде, ки бо саркоҳин ошноӣ дошт, баромада, бо канизаке, ки дарбон буд, гуфтугӯ карда, Петрусро ба ҳавлӣ даровард. 17Канизаке, ки дарбон буд, ба Петрус гуфт: «Оё ту яке аз шогирдони он Кас нестӣ?» «Не, нестам», – ҷавоб дод Петрус.
18Азбаски ҳаво хунук буд, хизматгорон ва посбонон гулхан даргиронда, дар гирди он худро гарм мекарданд. Петрус низ дар паҳлуи онҳо истода, худро гарм мекард.
Саркоҳин Исоро пурсуҷӯ мекунад
19Саркоҳин аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард. 20Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман дар пеши ҳама ошкоро сухан гуфта будам. Ман доимо дар ҷамоатхонаҳо ва дар маъбади Худо, ки ҳамаи мардум ҷамъ мешаванд, таълим медодам ва пинҳонӣ чизе нагуфтаам. 21Пас чаро шумо аз Ман мепурсед? Аз шунавандагон бипурсед, ки Ман дар бораи чӣ ба онҳо гуфта будам. Онҳо медонанд, ки Ман чӣ гуфтаам». 22Ҳангоме ки Ӯ ин суханонро гуфт, яке аз посбонони дар паҳлӯяш истода Исоро торсакӣ зада гуфт: «Ту чӣ хел ба саркоҳин ҷавоб дода истодаӣ?!» 23«Агар чизе нодуруст гуфта бошам, бигӯ, ки Ман чӣ хато кардам, – ҷавоб дод Исо. – Вале агар дуруст гуфта бошам, чаро Маро мезанӣ?»
24Он гоҳ Ҳонон Исои дастбастаро ба назди Қаёфои саркоҳин фиристод.
Петрус бори дигар Исоро инкор мекунад
25Шимъуни Петрус бошад, дар ҷойи пештарааш истода, худро гарм мекард. Аз ӯ пурсиданд: «Магар ту ҳам аз шогирдони Ӯ нестӣ?» Вале Петрус инро инкор карда, «не» ҷавоб дод. 26«Магар туро дар боғ бо Ӯ надида будам?» – гуфт яке аз хизматгорони саркоҳин, хеши ҳамон касе, ки гӯшашро Петрус бурида буд. 27Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.
Исо дар назди Пилотус
28Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба дарбори ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонанд, ба дарбор надаромаданд. 29Пас Пилотус ба назди онҳо баромада гуфт: «Айби ин Одам дар чист?» 30Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар Ӯро ба дасти шумо месупоридем?» 31«Худатон Ӯро гирифта аз рӯйи шариататон ҳукм кунед», – гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем», – ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ. 32Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи чӣ хел мурданаш гуфта буд, иҷро шаванд.
33Пилотус ба қаср баргашт ва Исоро ҷеғ зада гуфт: «Магар Ту Шоҳи яҳудиён ҳастӣ?» 34Исо дар ҷавоб гуфт: «Ту ин саволро аз худат мегӯйӣ ё дигарон дар бораи Ман ба ту гуфтанд?» 35Пилотус ҷавоб дод: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқ ва коҳинони калони Худат Туро дошта, ба дасти ман супориданд. Ту чӣ кор кардӣ?» 36Исо гуфт: «Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест. Агар Подшоҳии Ман ба мисли подшоҳии ин ҷаҳон мебуд, хизматгоронам барои Ман меҷангиданд, то ки Ман ба дасти ҳукуматдорони яҳудӣ таслим карда нашавам. Не, Подшоҳии Ман аз ин ҷаҳон нест». 37«Пас Ту Шоҳ ҳастӣ?» – пурсид аз Ӯ Пилотус. Исо ҷавоб дод: «Ту мегӯйӣ, ки Ман подшоҳ ҳастам. Ман барои он таваллуд шуда ба ин ҷаҳон омадаам, ки дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳам. Ҳар кӣ тарафдори ҳақиқат бошад, Маро гӯш мекунад». 38«Ҳақиқат чист?» – пурсид аз Ӯ Пилотус.
Ба марг ҳукм шудани Исо
Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромада гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам. 39Лекин шумо як анъана доред, ки ҳар иди Наҷот ман бароятон як маҳбусеро озод мекунам. Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи яҳудиёнро озод кунам?» 40Онҳо дод зада, ҷавоб доданд: «Не, на Ӯро, балки Барабборо озод кун!» Бараббо як марди роҳзан буд.

Currently Selected:

Юҳанно* 18: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in