YouVersion Logo
Search Icon

Юҳанно* 14

14
Исо ягона роҳ ба сӯйи Худост
1Исо суханашро давом дода гуфт: «Бигзор дилҳоятонро ғаму ғусса фаро нагирад! Ба Худо имон оваред ва ба Ман низ имон оваред! 2Дар хонаи Падари Ман ҳуҷраҳо бисёранд. Агар чунин намебуд, магар Ман ба шумо мегуфтам, ки рафта, барои шумо ҷой тайёр мекунам? 3Вақте ки Ман меравам ва барои шумо ҷой тайёр мекунам, баргашта, шуморо пеши Худ мебарам, то дар ҷое, ки Ман ҳастам, шумо ҳам бошед. 4Шумо роҳро ба он ҷое, ки Ман меравам, медонед».
5Он гоҳ Тумо ба Ӯ гуфт: «Хоҷа, мо намедонем, ки Ту ба куҷо меравӣ. Пас роҳро аз куҷо дониста метавонем?» 6Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ҳақиқат ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман. 7Модоме ки шумо Маро мешиносед, Падарамро ҳам мешиносед. Аз имрӯз эътиборан шумо Ӯро мешиносед ва Ӯро дидаед!»
8«Хоҷа! – гуфт ба Ӯ Филиппус, – Падарро ба мо нишон деҳ ва ин бароямон кифоя аст». 9Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ин қадар ҳамроҳи шумо будам ва ту, Филиппус, Маро то ҳол намешиносӣ? Ҳар кӣ Маро дида бошад, Падарро дидааст. Пас чӣ гуна ту „Падарро ба мо нишон деҳ“ мегӯйӣ? 10Магар бовар намекунӣ, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст? Суханонеро, ки Ман ба шумо мегӯям, аз Худам намегӯям. Падарам, ки дар Ман аст, корҳои Худро иҷро мекунад. 11Ба Ман бовар кунед, ки Ман дар Падар ҳастам ва Падар дар Ман аст. Вагарна ба хотири он корҳое, ки мекунам, бовар кунед. 12Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ҳар шахсе, ки ба Ман имон оварад, корҳоеро, ки Ман мекунам, ӯ ҳам мекунад. Он шахс инчунин корҳои аз он бузургтареро мекунад, чунки Ман ба назди Падарам меравам. 13Инчунин ҳар чиро, ки аз номи Ман талаб кунед, Ман иҷро мекунам, то ки шуҳрату ҷалоли Падар дар Писар намоён гардад. 14Агар ба номам чизеро аз Ман талаб кунед, Ман онро иҷро хоҳам кард.
Ваъда дар бораи Рӯҳулқудс
15Агар шумо Маро дӯст доред, фармонҳои Маро иҷро мекунед. 16Он гоҳ Ман аз Падарам хоҳиш мекунам ва Ӯ ба шумо Пуштибони дигареро медиҳад, ки то абад бо шумо мемонад. 17Ин Рӯҳи ростӣ аст, ки ҷаҳон Ӯро қабул карда наметавонад, чунки Ӯро на мебинаду на мешиносад. Вале шумо Ӯро мешиносед, чун Вай ҳамроҳи шумо аст ва дар вуҷуди шумо мешавад.
18Ман шуморо бепарастор намегузорам: ба назди шумо бармегардам. 19Ба наздикӣ ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда хоҳед буд. 20Дар он рӯз хоҳед донист, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо.
21Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва Худро ба ӯ ошкор мекунам». 22Яҳудои дигар, на он Яҳудои Исқарют гуфт: «Хоҷа, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту Худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?» 23Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунем. 24Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст.
25Ман ин суханонро ба шумо ҳанӯз ки бо шумо ҳастам, мегӯям. 26Вале Пуштибон, Рӯҳулқудс, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба шумо хотиррасон мекунад.
27Ман оромиро бо шумо мемонам, оромии Худамро ба шумо медиҳам. Ман онро ба шумо на ба он тавре медиҳам, ки ҷаҳон медиҳад. Ғаму ғуссаро аз дилҳоятон дур кунеду ҳаросон нашавед! 28Шумо аллакай суханони гуфтаи Маро шунида будед, ки Ман меравам ва ба назди шумо бармегардам. Агар Маро дӯст медоштед, хурсанд мешудед, ки Ман ба пеши Падар меравам, зеро Падар аз Ман бузургтар аст. 29Ана Ман инро пеш аз ба амал омаданаш ба шумо гуфтам, то вақте ки ин ҳодиса ба амал меояд, имон оваред! 30Ман дигар вақти дароз бо шумо гап намезанам, чунки ҳукмрони ин ҷаҳон, яъне шайтон омада истодааст. Вай бар Ман ҳеҷ қудрате надорад, 31вале Ман аз рӯйи фармони Падар, ки ба Ман додааст, ин корро мекунам, то ҷаҳон бидонад, ки Ман Падарро дӯст медорам. Бархезед, биёед, аз ин ҷо меравем!»

Currently Selected:

Юҳанно* 14: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in