YouVersion Logo
Search Icon

Яъқуб 3

3
Ром кардани забон
1Эй бародарону хоҳаронам, бигзор бисёре аз шумо ҳаракати муаллими калом шуданро накунад, зеро худатон медонед, ки аз мо, муаллимон, дар вақти ҷавобдиҳӣ бисёртар пурсида хоҳад шуд. 2Аниқ, ки ҳама дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пешпо мехӯранд, аммо касе, ки дар сухан ҳеҷ хато намекунад, шахси комил аст ва тамоми баданашро ҳам идора карда метавонад. 3Масалан, мо барои ром кардани аспҳо ба даҳонашон лаҷом мезанем ва он вақт тамоми баданашонро ба ҳар ҷо ки хоҳем, гардонда метавонем. 4Ё мисоли дигар киштиро гирем. Ҳарчанд он калон буда, бо вазидани шамоли шадид ҳаракат кунад ҳам, аммо роҳбари киштӣ онро ба ҳар тарафе, ки хоҳад, бо як чархи хурди суккон мегардонад.
5Забон низ айнан монанди ҳамин аст. Он як узви хурди бадан аст, аммо чӣ лофи зиёд мезанад. Ана як ҷангали бузург ҳам бо як лахчаи хурди оташ дармегирад. 6Ҳамчунон забон низ оташест, ки аз дӯзах дармегирад. Он як ҷаҳон бадӣ дар байни узвҳоямон мебошад, ки тамоми баданамонро ҳаром мекунад ва тамоми вуҷудамонро ба оташ гирифтор менамояд.
7Инсон ҳар гуна ҳайвоноту парандаҳо ва хазандаҳову ҷонварони обиро ром кардааст ва ром мекунад, 8лекин забони худро ҳеҷ яке ром карда наметавонад. Забон як бадии идоранашаванда ва пур аз заҳри марговар аст. 9Бо он мо Худованд ва Падари Осмониамонро шукргузорӣ мекунему ҳамчунон бо он одамонро лаънат мегӯем. Ҳол он ки инсон ба монанди Худо офарида шудааст. 10Пас, аз як забон ҳам шукргузорӣ ва ҳам лаънат мебарояд. Бародарону хоҳаронам, ин хел набояд бошад. 11Магар аз як чашма оби ширину оби шӯр ҷорӣ шуда метавонад?! 12Ё магар дарахти анҷир меваи зайтун ва ё токи ангур меваи анҷир бор меоварад?! Аз чашмаи оби шӯр низ оби ширин ҷорӣ шуда наметавонад.
Ду намуди ҳикмат
13Агар касе аз байни шумо хирадманд ва бофаҳм бошад, бигзор инро бо зиндагии хуб ва амалҳое, ки бо хоксории хираду ҳикмат анҷом дода мешаванд, нишон диҳад. 14Аммо агар дар дилҳои шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ вуҷуд дошта бошад, худситоӣ накунед, ки таърифатон бар зидди ростӣ аст. 15Ин гуна ҳикмат аз ҷониби Худо нест, балки ҳикмати заминӣ, дунявӣ, яъне шайтонӣ мебошад. 16Зеро ҳар вақте ки дар байни шумо кинаву ҳасад ва худпарастӣ ҳаст, дар ҳамон ҷо бетартибӣ ва ҳар гуна фисқу фасод мебошад.
17Аммо ҳикмате, ки аз ҷониби Худо меояд, пеш аз ҳама пок аст ва баъд сулҳпарвар, нармдил, равшанфикр, пур аз раҳму шафқат ва самараҳои нек, самимӣ ва бе рӯйбинӣ мебошад. 18Шахсони сулҳпарвар тухми сулҳро мекоранд ва ҳосилашро, ки росткорӣ аст, ба даст меоваранд.

Currently Selected:

Яъқуб 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in