YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 4

4
Петрус ва Юҳанно дар пеши шӯрои пирон
1Ҳангоме ки Петрус ва Юҳанно ба мардум сухан мегуфтанд коҳинон, сардори посбонони маъбади Худо ва аъзои мазҳаби саддуқӣ зуд ба онҳо наздик омаданд. 2Онҳо аз рафтори фиристодагон ба ғазаб омада буданд, чунки фиристодагон мардумро таълим медоданд ва эълон менамуданд, ки мурдагон ба воситаи Исо зинда хоҳанд шуд. 3Бино бар ин, фиристодагонро дастгир карданд ва азбаски аллакай шом шуда буд, онҳоро то субҳ ба дасти посбонон супурданд. 4Аммо бисёре аз шунавандагони сухани Петрусу Юҳанно имон оварданд ва шумораи ҳамаи имондорон тақрибан ба панҷ ҳазор расид.
5Рӯзи дигар дар Уршалим сардорони яҳудиён ва пирону устодони шариат ҷамъ омаданд. 6Ҳамчунин Ҳонони саркоҳин, Қаёфо, Юҳанно, Искандар ва дигар аъзои хонаводаи саркоҳин ҳозир буданд. 7Онҳо Петрусу Юҳанноро дар миёнаҷо монда пурсиданд: «Бо кадом қувва ё бо номи кӣ шумо марди лангро шифо додед?»
8Петрус аз Рӯҳулқудс пур шуда ҷавоб дод: «Роҳбарон ва пирони халқ! 9Агар имрӯз мо барои кори нек, яъне барои чӣ гуна ин марди лангро шифо доданамон бозпурсӣ шуда бошем, 10пас шумо ва тамоми халқи Исроил бидонед, ки ин мард ба хотири номи Исои Масеҳи Носирӣ пеши шумо солим меистад. Исои Масеҳ ҳамонест, ки шумо мехкӯб карда куштед, аммо Худо Ӯро зинда кард. 11Ӯ ҳамон:
„сангест, ки шумо бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтед,
вале он санги асосии таҳкурсии бино гардид#4:11 Забур 117:22“.
12Дар ҳеҷ каси дигар наҷот нест, чунки дар зери осмон ба одамон ҳеҷ номи дигаре дода нашудааст, ки ба воситаи он наҷот ёбем».
13Ҳозирон далерии Петрусу Юҳанноро дида, аз дил гузаронданд, ки онҳо одамони одӣ ва бесавод ҳастанд ва басе ҳайрон шуданд. Ҳамчунин дарк намуданд, ки онҳо бо Исо мегаштанд. 14Аммо дар назди Петрусу Юҳанно истодани марди шифоёфтаро дида, чизе гуфта натавонистанд.
15Инак, онҳо фиристодагонро аз шӯрои пирон берун карда, бо ҳам чунин маслиҳат намуданд: 16«Бо ин одамон чӣ бояд кунем? Ба тамоми мардуми Уршалим маълум аст, ки ба воситаи онҳо ин муъҷизаи бузург ба амал омад ва мо инро рад карда наметавонем. 17Аммо барои дар байни мардум бештар паҳн нашудани ин гап мо бояд онҳоро огоҳ намуда, фармон диҳем, ки дар бораи ин ном минбаъд ба касе даҳон накушоянд».
18Инак, фиристодагонро боз даъват карда, фармон доданд, ки дигар ҳаргиз ба номи Исо сухан нагӯянд ва таълим надиҳанд. 19Аммо Петрусу Юҳанно дар ҷавоб гуфтанд: «Худатон фикр кунед, оё дар назари Худо дуруст мешавад, ки мо шуморо бештар аз Худо гӯш кунем?! 20Мо он чиро, ки дидаему шунидаем, нагуфта наметавонем».
21-22 Сипас, онҳо Петрус ва Юҳанноро дубора огоҳ намуда, озод карданд. Синну соли он мард, ки ба таври муъҷизавӣ шифо ёфт, аз чил боло буд ва тамоми халқ Худоро барои ин муъҷиза ситоиш мекард. Бино бар ин, онҳо аз мардум тарсида, фиристодагонро ҷазо надоданд.
Пайравони Масеҳ барои далерӣ дуо мекунанд
23Фиристодагон озод шуда, назди ёрони худ омаданд ва ба онҳо суханони коҳинони калону пирони халқро нақл карданд. 24Сипас, онҳо якдилона бо овози баланд ба Худо дуо карданд:
«Эй Молик, Офаридгори замину осмону баҳрҳо ва ҳар он чи дар онҳост! 25Ту ба воситаи Рӯҳулқудс, бо забони падарбузурги мо – хизматгорат Довуд чунин гуфтаӣ:
„Чаро ғайрияҳудиён ба хашм омаданд
ва мардум қасди беҳуда мекунанд?
26Шоҳони замин ба ҷанг омода шудаанд
ва раисон ҷамъ омада,
бар зидди Худованд ва Масеҳ,
яъне Таъйиншудаи Ӯ бархостаанд“.#4:26 Забур 2:1-2
27Ҳақиқатан ҳам дар ин шаҳр Ҳиродус, Понтиюс Пилотус, ғайрияҳудиён ва мардуми Исроил бар зидди Хизматгори Покат Исо, ки Ӯро барои хизмати Худ интихоб кардӣ, забон як карданд. 28Онҳо қарори пешакии Туро, ки бо тавоноӣ ва иродаи Худ қабул карда будӣ, нафаҳмида иҷро намуданд. 29Худовандо, ҳоло ба зӯрии онҳо нигоҳ кун ва ба хизматгорони Худ ёрӣ деҳ, ки каломи Туро далерона баён кунанд. 30Ту дастатро дароз намуда, ба номи Хизматгори Покат Исо беморонро шифо деҳ ва аломату муъҷизаҳо ба амал овар».
31Баъди дуо ҷое, ки дар он ҷамъ шуда буданд, ба ҷунбиш омад. Онҳо ҳама аз Рӯҳулқудс пур шуда, каломи Худоро далерона эълон мекарданд.
Самимият ва дастгирии якдигари имондорон
32Ҳама имондорон якдилу якҷон шуда буданд. Ҳеҷ кас чизеро моли шахсии худ намедонист, балки ҳама чизро умумӣ меҳисобиданд. 33Фиристодагон бо қувваи бузург дар бораи зиндашавии Худованд Исо шаҳодат медоданд. Ҳамчунин файзи бузурге бар ҳамаи онҳо буд. 34Дар байнашон муҳтоҷе набуд, чунки онҳое, ки замин ё хонае доштанд, онро фурӯхта, 35пулашро пеши пойҳои фиристодагон мегузоштанд ва фиристодагон онро ба қадри даркорӣ ба ҳама тақсим мекарданд.
36Дар байни онҳо Юсуф ном левизодае аз ҷазираи Қиприс буд. Фиристодагон ӯро Барнаббо, яъне «писари дилбардорӣ» низ меномиданд. 37Вай заминашро фурӯхта, пулашро ба ихтиёри фиристодагон супурд.

Currently Selected:

Корнома* 4: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in