YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 21

21
Сафар ба шаҳри Уршалим
1Мо бо роҳбарони ҷамоати шаҳри Эфесус хайрухуш карда, рост ба ҷазираи Кос шино кардем. Рӯзи дигар ба ҷазираи Рудус расидем ва аз он ҷо ба шаҳри Потаро рафтем. 2Дар Потаро киштиеро ёфтем, ки ба кишвари Финиқия равона буд ва ба он савор шуда, сафарамонро давом додем. 3Чун ҷазираи Қиприсро дидем, онро аз тарафи ҷануб гузашта, ба шаҳри Сури вилояти Сурия равона шудем. Дар шаҳри Сур аз киштӣ берун шудем, чунки бори киштиро фаровардан даркор буд. 4Дар он ҷо имондоронро ёфта, ҳафт рӯз бо онҳо мондем. Имондорон ба воситаи Рӯҳулқудс ба Павлус мегуфтанд, ки ба шаҳри Уршалим наравад. 5Аммо чун вақти мо тамом шуд, боз ба роҳ даромадем. Ҳама имондорон бо зану фарзандонашон моро то беруни шаҳр гусел карданд. Дар лаби баҳр ҳама зону зада дуо кардем. 6Сипас, бо ҳамдигар хайрухуш карда, мо ба киштӣ савор шудем ва онҳо ба хонаҳои худ баргаштанд.
7Аз шаҳри Сур сафари худро давом дода, ба шаҳри Патуламис омадем. Дар он ҷо бо имондорон вохӯрда, як рӯз бо онҳо мондем. 8Рӯзи дигар ба роҳ баромада, ба шаҳри Қайсария омадем ва ба хонаи Филиппуси эълонкунандаи хушхабар рафта, меҳмон шудем. Филиппус яке аз он ҳафт нафар буд, ки дар Уршалим интихоб шуда буданд. 9Ӯ чор духтари шавҳарнокарда дошт, ки пешгӯйӣ мекарданд. 10Баъд аз чанд рӯзи дар он ҷо буданамон аз сарзамини Яҳудия Оғобус ном пайғамбаре омад. 11Ӯ миёнбанди Павлусро гирифта, бо он дасту пойи худро баста гуфт: «Рӯҳулқудс чунин мегӯяд: „Дар шаҳри Уршалим соҳиби ин миёнбандро яҳудиён ана ҳамин тавр баста, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд“».
12Инро шунида, мо ва мардуми он ҷо, якҷоя аз Павлус илтимос кардем, ки ба Уршалим наравад. 13Дар ҷавоб Павлус гуфт: «Шумо чӣ кор мекунед? Чаро бо оби дида диламро месӯзонед? Охир ман тайёрам, ки на танҳо бандӣ шавам, балки ба хотири номи Худованд Исо дар Уршалим ҷон супорам».
14Чун Павлус ба гапи мо гӯш надод, «бигзор хости Худованд шавад» – гуфта, хомӯш мондем. 15Баъди он рӯзҳо мо тайёрӣ дида, ба шаҳри Уршалим равона шудем. 16Баъзе имондорон, ки аз шаҳри Қайсария буданд, ҳамроҳи мо рафтанд. Онҳо моро ба хонаи Маносун ном шогирди дерина бурданд. Маносун зодаи ҷазираи Қиприс буд. Мо дар хонаи ӯ истодем.
Ба дидори Яъқуб рафтани Павлус
17Ҳангоме ки ба шаҳри Уршалим расидем, имондорон моро хурсандона пешвоз гирифтанд. 18Рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи мо ба дидори Яъқуб рафт. Ҳамаи роҳбарони ҷамоат низ дар он ҷо буданд. 19Павлус бо ҳама салому алейк карда, дар бораи ҳама корҳои Худо, ки дар байни ғайрияҳудиён ба воситаи ӯ карда буд, як ба як нақл кард. 20Онҳо сухани ӯро шунида Худоро ситоиш намуданд ва ба Павлус гуфтанд: «Бародар, чунон ки мебинӣ, чандин ҳазор яҳудиён имон оварданд ва ҳамаи онҳо шариатро ҷиддӣ риоя мекунанд. 21Онҳо шунидаанд, ки гӯё ту ҳамаи яҳудиёнро, ки дар байни ғайрияҳудиён зиндагӣ мекунанд, таълим дода мегӯйӣ, ки шариати Мусоро рад кунанд. Яъне писаронашонро хатна накунанд ва аз рӯйи расму ойини худ зиндагӣ накунанд. 22Пас, чӣ бояд кард? Онҳо ҳатман мешунаванд, ки ту омадаӣ. 23Ҳоло гапи моро гирифта, чунин бикун: мо чор кас дорем, ки мувофиқи расми яҳудиён ба Худо қасам хӯрдаанд. 24Онҳоро бурда, ҳамроҳашон ойини покшавиро ба ҷо овар ва пули сартарошии онҳоро бидеҳ. Сипас, ҳама мефаҳманд, ки он чи дар бораат мегӯянд, рост нест, балки ту мувофиқи шариати Мусо зиндагӣ мекунӣ. 25Дар бораи ғайрияҳудиёни имоноварда бошад, мо қарор намуда, навишта будем, ки аз хӯрдани гӯшти ҳайвони буғишуда, хӯроке, ки ба бутҳо тақдим шудааст, хун ва аз гуноҳи ҷинсӣ дур шаванд».
26Инак, рӯзи дигар Павлус ҳамроҳи он одамон ойини покшавиро ба ҷо оварда, ба маъбади Худо даромад. Дар он ҷо эълон намуд, ки вақти покшавии онҳо баъди ҳафт рӯз анҷом меёбад ва он рӯз барои ҳар якеашон қурбонӣ карда мешавад.
Дастгир шудани Павлус
27Дар охири рӯзи ҳафтум яҳудиёни вилояти Осиё Павлусро дар маъбади Худо дида, мардумро ба шӯр оварданд ва ӯро дастгир намуданд.
28Онҳо фарёд мезаданд: «Исроилиён, ёрӣ диҳед! Ин одам дар ҳар ҷо ҳамаро ба зидди халқ, шариати Мусо ва ин маъбад таълим медиҳад! Бар замми ин ӯ ғайрияҳудиёнро ба маъбади Худо дароварда, ин ҷойи муқаддасро ҳаром мекунад!»
29Онҳо Труфимусро, ки зодаи шаҳри Эфесус буд, ҳамроҳи Павлус дар шаҳр дида буданд ва гумон мекарданд, ки Павлус ӯро бо худ ба маъбади Худо даровардааст.
30Ҳамин тавр, тамоми шаҳр ба шӯр омад. Аз ҳар тараф мардуми зиёд давида омада, ҷамъ шуданд. Онҳо Павлусро дастгир карда, кашолакунон аз маъбади Худо бароварданд ва зуд дарҳоро аз пушташон маҳкам карданд. 31Вақте ӯро куштанӣ шуданд, ба мириҳазори лашкар хабар расид, ки тамоми Уршалим ба шӯр омадааст. 32Ӯ дарҳол сарбозон ва мирисадҳоро бо худ гирифта, ба сӯйи мардум давид. Мардум мириҳазор ва сарбозонро дида, аз задани Павлус бозистоданд. 33Мириҳазор наздик шуда, Павлусро дастгир намуд ва фармуд, ки ӯро бо ду занҷир банданд. Сипас, пурсид, ки ин одам кист ва чӣ кор кардааст. 34Мардум дод зада, баъзе як чиз ва баъзе чизи дигар мегуфтанд. Мириҳазор аз сабаби ғавғо ҳақиқати ҳолро нафаҳмида, фармон дод, ки Павлусро ба қалъа баранд. 35Чун ба зинапояҳо расиданд, аз сабаби ғазабу фишори мардум сарбозон маҷбур шуданд, ки Павлусро бардошта баранд. 36Мардуми зиёд аз қафои онҳо омада, «кушед ӯро» – гӯён дод мезаданд.
Павлус худро ҳимоя мекунад
37Ҳанӯз ба қалъа надаромада, Павлус ба мириҳазор гуфт: «Иҷозат диҳед, ба шумо як чиз гӯям».
Мириҳазор гуфт: «Ту забони юнониро медонӣ?! 38Пас ту он мисрӣ нестӣ, ки чанде пеш шӯриш бардошта, чор ҳазор одамкушро аз қафояш ба биёбон бурда буд?!»
39Павлус дар ҷавоб гуфт: «Ман яҳудӣ ҳастам, шаҳрванди шаҳри Тарсуси вилояти Киликия, ки шаҳри номдор аст. Хоҳиш мекунам, ба ман иҷозат диҳед, ки ба мардум гап занам».
40Павлус иҷозат гирифта, бар зинапояҳо истод. Ӯ бо дасташ ба мардум ишора карду онҳо ҳама хомӯш шуданд. Сипас, Павлус ба онҳо бо забони ибрӣ чунин гуфт:

Currently Selected:

Корнома* 21: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in