YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 14

14
Хизмати Павлусу Барнаббо дар шаҳри Қуния
1Дар шаҳри Қуния низ Павлусу Барнаббо ба ҷамоатхонаи яҳудиён даромада, чунон сухан гуфтанд, ки мардуми зиёде аз яҳудиёну ғайрияҳудиён имон оварданд. 2Аммо яҳудиёне, ки имон наоварда буданд, ғайрияҳудиёнро ба шӯр андохта, онҳоро ба Павлусу Барнаббо зид намуданд. 3Ба ин нигоҳ накарда фиристодагон дар он шаҳр муддати зиёд монданд. Онҳо дар бораи Худованд далерона нақл мекарданд. Худованд бошад, бо дастони онҳо аломату муъҷизаҳо нишон дода исбот менамуд, ки сухан дар бораи файзу меҳрубониаш ҳақ аст. 4Мардуми шаҳр ба ду қисм ҷудо шуданд. Яке тарафдори яҳудиён буду дигаре тарафдори фиристодагон. 5Сипас, яҳудиёну ғайрияҳудиён бо дастгирии роҳбаронашон забон як карданд, ки ба фиристодагон дарафтода, онҳоро сангсор кунанд. 6-7 Фиристодагон аз мақсади онҳо хабардор шуда, ба ноҳияи Лекония гурехтанд ва дар шаҳрҳои Лустраву Дарбаву гирду атрофашон гашта, расондани хушхабарро давом медоданд.
Хизмати Павлусу Барнаббо дар шаҳри Лустра
8Дар шаҳри Лустра марде менишаст, ки ланги модарзод буда, дар умраш роҳ нарафта буд. 9Ӯ сухани Павлусро гӯш мекард. Чун Павлус дид, ки вай барои шифо ёфтан имон дорад, бодиққат ба ӯ нигариста, 10бо овози баланд гуфт: «Бархеста, бар пойҳоят рост ист».
Он мард аз ҷояш ҷаста хесту ба роҳравӣ даромад. 11Гурӯҳи одамон ин кори Павлусро дида бо забони леконӣ фарёд заданд: «Худоён дар шакли одамизод ба назди мо фуромадаанд».
12Онҳо фиристодагонро худоёни худ гумон карда, Барнабборо Зевс ва Павлусро Ҳермис номиданд, чунки Павлус нисбатан зиёд сухан мегуфт. 13Дар беруни шаҳр парастишгоҳи Зевс воқеъ буд. Инак, коҳини Зевс ба назди дарвозаи шаҳр барзаговҳо ва гулчанбарҳо оварда, хост, ки ҳамроҳи мардум ба фиристодагон қурбонӣ кунад. 14Аммо фиристодагон, яъне Барнаббову Павлус инро шунида, либосашонро даронданд ва сӯйи он гурӯҳ давида, дод зада гуфтанд: 15«Мардум, охир шумо чӣ кор карда истодаед?! Мо ҳам мисли шумо одам ҳастем. Ба шумо хушхабар овардем, ки аз ин чизҳои ҳеҷу пуч рӯй гардонда, ба Худои зинда рӯй оваред. Ӯ замину осмону баҳрҳо ва тамоми ҷонваронеро, ки дар онҳост, офаридааст. 16Дар гузашта Худо вогузошт, ки ҳамаи халқҳо бо роҳи худ раванд. 17Лекин ба ҳар ҳол бо некиҳояш, яъне бо борон, бо мавсимҳои серҳосил, бо хӯрокворӣ ва ба дилҳоятон хурсандӣ бахшида, дар бораи Худ шаҳодат медод».
18Ҳатто бо чунин суханон мардумро базӯр аз қурбонӣ намудан боздоштанд.
19Сипас, аз шаҳрҳои Антокия ва Қуния баъзе яҳудиён омаданд. Онҳо мардумро ба тарафи худ кашида, Павлусро сангсор намуданд. Сипас, ӯро мурда гумон намуда, кашолакунон аз шаҳр берун бароварда партофтанд. 20Лекин вақте ки имондорон дар гирдаш ҷамъ шуданд, Павлус бархоста ба шаҳр даромад. Рӯзи дигар ӯ ҳамроҳи Барнаббо ба шаҳри Дарба рафт.
Бозгашт ба Антокия
21Онҳо дар шаҳри Дарба хушхабар расонда, аз бисёр одамон шогирд тайёр карданд. Сипас, ба шаҳрҳои Лустра, Қуния ва Антокияи Писидия баргаштанд. 22Онҳо ба дилҳои шогирдон қувват мебахшиданду насиҳат мекарданд, ки дар имон устувор бимонанд. Онҳо мегуфтанд: «Барои ба Подшоҳии Худо дохил шудан мо бояд азобҳои зиёдро паси сар намоем».
23Павлусу Барнаббо дар ҳар ҷамоат роҳбаронро таъйин менамуданд. Сипас, рӯза гирифта, дуо мекарданду роҳбаронро ба Худованде, ки имон оварда буданд, месупурданд. 24Ҳамин тавр онҳо ноҳияи Писидияро тай намуда, ба вилояти Памфилия омаданд. 25Дар шаҳри Пирҷа каломро паҳн намуда, ба шаҳри Аттолия фуромаданд. 26Аз Аттолия шино карда, ба шаҳри Антокияи Сурия баргаштанд, ки дар он ҷо аз ҷониби ҷамоати имондорон барои хизмати кардаашон ба паноҳи Худо супурда шуда буданд. 27Баъди бозгашт онҳо аҳли ҷамоати имондоронро ҷамъ карда, дар бораи тамоми корҳое, ки Худо ба воситаи онҳо кард ва чӣ тарз барои ғайрияҳудиён дари имонро кушод, нақл карданд. 28Дар он ҷо Павлус ва Барнаббо муддати дароз бо шогирдон монданд.

Currently Selected:

Корнома* 14: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in