YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 1

1
Сарсухан
1Теофилуси мӯҳтарам, дар китоби якумам ба шумо дар бораи ҳама кору таълимоте, ки Исо сар кард, навишта будам, 2яъне то вақте ки Ӯ ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба фиристодагони интихобкардаи Худ фармон дода, ба осмон бурда шуд. 3Исо баъди азобу маргаш ва пеш аз он ки ба осмон бурда шавад, ба фиристодагонаш бо далелҳои зиёд исбот намуд, ки зинда шуд. Ӯ дар давоми чил рӯз назди онҳо пайдо шуда, дар бораи Подшоҳии Худо ба онҳо нақл мекард. 4Рӯзе, ҳангоме ки ҷамъ омада буданд, ба онҳо чунин фармуд: «Аз шаҳри Уршалим набароед, балки интизори Ҳамоне бошед, ки Худо Падар ваъда кард ва дар борааш аз Ман шунида будед. 5Зеро Яҳё одамонро ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо дар оби дарё таъмид медод, лекин шумо пас аз чанд рӯз бо Рӯҳулқудс таъмид мегиред».
6Вақте ки ҷамъ омаданд, аз Ӯ пурсиданд: «Худовандо, оё вақти он расидааст, ки подшоҳии халқи Исроилро барқарор намойӣ?»
7Исо дар ҷавоб гуфт: «Танҳо Худо Падар қудрати таъйин кардани вақту соат дорад ва донистани он ба шумо даркор нест. 8Аммо, вақте ки Рӯҳулқудс шуморо фаро мегирад, қувват меёбед ва аз Уршалим сар карда, дар тамоми сарзамини Яҳудия, Сомара ва ҳатто то канори дунё дар бораи Ман шаҳодат хоҳед дод».
Ба осмон бурда шудани Исо
9Исо ин суханро гуфта, дар пеши чашми онҳо ба осмон бурда шуд ва абре Ӯро аз назарашон пинҳон кард.
10Баъди нопадид шуданаш ҳам, онҳо аз осмон чашм намеканданд. Баногоҳ дар наздашон ду марди сафедпӯш пайдо шуда 11гуфтанд: «Эй мардони ҷалилӣ, чаро ба осмон нигоҳ мекунед? Ҳамин Исо, чунон ки дар пеши чашматон ба осмон бурда шуд, айнан ҳамон тавр бармегардад».
Интихоб шудани Матёс ба ҷойи Яҳудо
12Сипас, онҳо аз кӯҳи Зайтун ба шаҳри Уршалим баргаштанд. Масофаи байни кӯҳ ва шаҳр тақрибан як километер буд. 13Чун ба шаҳр расиданд, Петрус, Юҳанно, Яъқуб, Андриёс, Филиппус, Тумо, Барталмо, Матто, Яъқуби писари Ҳалфой, Шимъуни Ватандӯст ва Яҳудои писари Яъқуб ба ҷойи зисташон – ба болохона баромаданд. 14Онҳо ҷамъ шуда, якдилона пайваста дуо мегуфтанд. Баъзе занон, аз он ҷумла Марями модари Исо ва бародарони Ӯ низ, ҳамроҳи онҳо буданд.
15Он рӯзҳо Петрус ба имондорон, ки ҳамагӣ тақрибан саду бист кас буданд, гуфт:
16«Азизон! Дар навиштаҷот Рӯҳулқудс ба воситаи пайғамбар Довуд дар бораи Яҳудо, ки роҳнамои дастгиркунандагони Исо буд, пешгӯйӣ кардааст. Он Навишта бояд иҷро мешуд. 17Яҳудо ба мо ҳамроҳ буд ва дар хизмат иштирок мекард. 18Аммо вай ба музди бадкории худ замине харид, ки бар он афтода, шикамаш кафид ва рӯдаҳояш баромад. 19Ҳама мардуми Уршалим аз ин воқеа хабардор шуда, он заминро бо лафзи худ Ҳақал-Дамо номиданд, ки маънояш „замини хунин“ аст. 20Дар китоби Забур бошад, чунин навишта шудааст:
„Бигзор манзили вай холӣ бошад ва касе дар он зиндагӣ накунад.“#1:20 Забур 68:26
Ва
„мақоми роҳбарии ӯро низ дигаре ба ӯҳда гирад“#1:20 Забур 108:8.
21Бино бар ин, аз байни мардоне, ки бо мо буданд, шахсеро интихоб мекунем, ки Худованд Исоро дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ кардааст, 22яъне аз рӯзе, ки Яҳё Исоро дар об таъмид дод, то рӯзе ки Ӯ аз назди мо боло бурда шуд. Вай бояд ҳамроҳи мо дар бораи зинда шудани Исо шаҳодат диҳад».
23Сипас, ду нафарро пешниҳод намуданд: Матёс ва Юсуфро, ки лақабаш Бар-Саббо буд (ӯро Юстус низ меномиданд). 24-25 Ва чунин дуо карданд: «Худовандо, Яҳудо хизматашро партофта, ба ҷойи муносибаш рафт. Ҳоло ба мо нишон деҳ, ки аз ин ду нафар киро барои хизмати фиристодагӣ интихоб кардаӣ, чунки Ту дили одамизодро медонӣ».
26Сипас, барои он ду кас танга ҳаво дода, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Матёс баромад ва ӯ ба ёздаҳ фиристода ҳамроҳ шуд.

Currently Selected:

Корнома* 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in