YouVersion Logo
Search Icon

3 Юҳанно 1

1
1Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба Ғоюси азиз, ки дар ростӣ ӯро дӯст медорам.
2Дӯсти азизам, ман дуо мекунам, ки аз ҳар ҷиҳат ривоҷу равнақ ёбӣ ва сиҳату саломат бошӣ, чуноне ки дилу ҷонат равнақ меёбад. 3Вақте ки чанд бародарон омада, ба ман шаҳодат доданд, ки ту ба ростӣ бовафо ҳастӣ ва дар роҳи ростӣ меравӣ, ман бениҳоят хурсанд шудам. 4Аз шунидани он, ки фарзандони ман дар роҳи ростӣ мераванд, бароям хурсандии бузургтаре нест.
Тарзи қабул кардани бародарону хоҳарони мусофир
5Дӯсти азиз, ту нисбат ба имондорон, ҳатто имондорони бароят ношинос вафодорона рафтор мекунӣ. 6Ин бародарону хоҳарон дар бораи муҳаббати ту дар пеши ҷамоати имондорон шаҳодат доданд. Кори хуб мекунӣ, агар онҳоро тавре ба сафарашон гусел намоӣ, ки иззати Худоро ба ҷо меорад. 7Чунки онҳо аз барои номи Ӯ ба сафар баромадаанд ва аз беимонон чизе қабул накарданд. 8Бино бар ин, мо бояд чунин одамонро таъмин намоем, то ки дар роҳи ростӣ ҳамкор шавем.
9Ман дар бораи ин ба ҷамоати имондорон нависта будам, аммо ҳамон Диютрифис, ки роҳбарӣ карданро дӯст медорад, гапи моро дар замин монд. 10Пас, дар сурати омаданам ман корҳои ӯро ва суханони зишташро, ки бар зидди мо мегӯяд, ба рӯйи об мебарорам. Ба ӯ ин корҳояш ҳам кам аст, ки боз аз қабул кардани бародарону хоҳарон рӯй мегардонад. Ӯ ба дигарон низ, ки қабул кардан мехоҳанд, роҳ намедиҳад. Ҳатто онҳоро аз ҷамоати имондорон берун мекунад.
Давом додани рафтори хуб
11Дӯсти азизам, рафтори хубро тақлид кун ва на рафтори бадро. Зеро ҳар кӣ хубӣ мекунад, аз ҷониби Худо аст. Аммо касе, ки бадӣ мекунад, Худоро надидааст. 12Ана Димитриюсро ҳама таъриф мекунанд, ҳатто худи ростӣ инро тасдиқ мекунад. Мо ҳам дар бораи ӯ шаҳодат медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо рост аст.
13Боз чизи зиёд ба ту гуфтанӣ ҳастам, лекин намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам. 14Ман умедворам, ки ба зудӣ туро мебинам ва чашм ба чашм гап мезанем. 15Саломат бош. Дӯстони ин ҷо будаат ба ту салом мегӯянд, ту низ дӯстони он ҷоро як ба як салом гӯй.

Currently Selected:

3 Юҳанно 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in