YouVersion Logo
Search Icon

2 Юҳанно 1

1
1-2 Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба хонуме, ки Худо интихоб кардааст ва фарзандони вай, ки ба ростӣ дӯсташон медорам. Мо ҳарду ҳамон як ростиро дӯст медорем, ки он дар мо ҳоло мебошад ва то абад бо мо мемонад. На фақат ман шуморо дӯст медорам, балки ҳамаи онҳое ҳам, ки ростиро мешиносанд. 3Бигзор файзу меҳрубонӣ, раҳму шафқат ва сулҳу осоиштагӣ аз ҷониби Худо Падар ва Исои Масеҳ, Писари Падар бо мо, ки ростиро медонем ва якдигарро дӯст медорем, бошад.
Фармони аз аввалбудаи Худо
4Аз фаҳмидани он, ки баъзе фарзандони шумо мувофиқи фармоиши Падар дар роҳи ростӣ зиндагӣ мекунанд, бениҳоят хурсанд шудам. 5Ҳоло ҳам, хонуми мӯҳтарам, ба шумо на фармони нав, балки ҳамонеро, ки аз аввал доштем, менависам ва хоҳиш мекунам, ки ҳамаамон якдигарро дӯст дорем. 6Муҳаббат бошад, дар ин аст, ки мо ба фармонҳои Худо итоат намуда, зиндагӣ кунем. Фармони Ӯ ҳамонест, ки аз аввал шунидаед, яъне бо роҳи муҳаббат равед.
Аз фиребгарон эҳтиёт шавед
7Дар ҷаҳон бисёр фиребгарон баромадаанд, ки бо ҷисми инсонӣ омадани Исои Масеҳро иқрор намекунанд. Ин хел одамон фиребгар ва душмани Масеҳ ҳастанд. 8Эҳтиёт шавед, то чизеро, ки барояш заҳмат кашидаем, аз даст надиҳед. Баръакс ба мукофоти пурра ноил гардед. 9Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад. 10Агар касе пеши шумо ояду ин таълимотро наоварад, ӯро ба хонаатон роҳ надиҳед ва қабул накунед. 11Зеро касе, ки ӯро қабул мекунад, шарики корҳои бади ӯ мегардад.
12Боз чизи зиёд ба шумо гуфтанӣ ҳастам, вале намехоҳам, ки онро бо ранг дар рӯйи коғаз нависам. Ман умедворам, ки шуморо хабар гирифта, чашм ба чашм гап мезанем, то ки шодиамон лабрез гардад.
13Фарзандони хоҳарат, ки Худо интихоб кардааст, ба ту салом мегӯянд.

Currently Selected:

2 Юҳанно 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in