YouVersion Logo
Search Icon

1 Петрус Пешгуфтор

Пешгуфтор
Дар асри якум, пас аз марг ва зиндашавии Исои Масеҳ, одамони зиёд ба Ӯ имон оварда, ба гурӯҳи бузурге табдил ёфтанд. Онҳо таълимоти Устодашонро то ба шаҳру вилоятҳои дурдасти Осиёи Хурд (Туркияи ҳозира) паҳн карданд. Дар он замон сокинони Осиёи Хурд ҳар хел динҳоро пайравӣ менамуданд ва худоёни гуногунро парастиш мекарданд. Бино бар ин, таълимоту тарзи зиндагии масеҳиён ба қисми зиёди мардуми он сарзамин ҳайратовар ва бегона буд. Аз ин ҳолат баъзе ҳокимон, соҳибон ва хешу наздикон истифода бурда, мардумро бар зидди масеҳиён шӯр меандохтанд ва онҳоро таҳқиру масхара намуда, паст мезаданд. Аммо онҳое, ки хушхабари Исои Масеҳро шунида, ба Ӯ имон меоварданд, аз парастиши бутҳояшон даст мекашиданд ва ҳаёти нави масеҳиёнаро сар мекарданд.
Петрус, ки яке аз дувоздаҳ фиристодаи Исо ва роҳбарони ҷамоати имондорони аввалин буд, ба ин имондорони ҷабрдида нома навиштааст. Ӯ дар номааш онҳоро рӯҳбаланд мекунад, то ин ки ба Устоди бузурги худ – Исо бо вуҷуди азобу душвориҳо вафодор бимонанд. Азбаски Исо азоб кашида, мурд ва зинда шуд, барои онҳо имконият пайдо шуд, ки халқи нави Худо шаванд. Онҳо бояд нишон медоданд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон Исоро пайравӣ мекунанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ин нома Исои Масеҳ чун намунаи шахси комил, бегуноҳ ва азобкашида зикр ёфтааст ва масеҳиёне, ки дар азобанд, бояд аз Исо ибрат гиранд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in