YouVersion Logo
Search Icon

1 Юҳанно Пешгуфтор

Пешгуфтор
Муаллифи мактуб худро муаррифӣ накардааст. Вале аз услуб ва мавзӯи мактуб тахмин шудааст, ки муаллифи он ҳамон Юҳаннои шогирди Исои Масеҳ аст, ки Хушхабари Юҳанноро навиштааст. Ин мактубро Юҳанно дар синни пиронсолагӣ навиштааст ва бинобар ин ба имондорон падарворона «фарзандонам» ва «азизонам» гуфта муроҷиат мекунад. Юҳанно Исои Масеҳро Калом, яъне сухану пайғоми Худо номида, дар бораи муҳаббати Ӯ хотиррасон мекунад. Аз хонандагон низ хоҳиш мекунад, ки бо якдигар бо муҳаббат рафтор кунанд, чунки Худо муҳаббат аст ва агар Ӯ дар дохили имондорон бошад, пас дар дили имондорон ҷой ба нафрат набояд бошад. Муаллиф инчунин хонандагонашро аз шахсони зидди Масеҳ, ки душмани Масеҳ номида шудаанд, огоҳ менамояд. Онҳо шояд худро имондор вонамуд месозанд, вале аз тарзи зиндагиашон дида мешавад, ки Рӯҳи Худоро надоранд. Хондани ин мактуб ба имондорон муҳаббати бепоёни Худоро хотиррасон мекунад ва ба дӯст доштани бародарон ва хоҳарони дигари имондор рӯҳбаланд месозад.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in