YouVersion Logo
Search Icon

1 Юҳанно 5

5
Имон ба Писари Худо
1Ҳар касе, ки ба Таъйиншудаи Худо будани Исо бовар мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст ва ҳар кӣ падарро дӯст дорад, фарзандашро низ дӯст медорад. 2Агар мо Худоро дӯст дорем ва фармонҳои Ӯро иҷро кунем, бо ҳамин мефаҳмем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем. 3Зеро Худоро дӯст доштан ин фармонҳои Ӯро иҷро кардан аст. Фармонҳои Ӯ бошанд, вазнин нестанд, 4чунки ҳар кӣ аз Худо таваллуди нав гирифтааст, ҷаҳонро ғалаба мекунад ва ин ғалабае, ки бар ҷаҳон ғолиб мебарояд, имони мост. 5Пас кӣ бар ҷаҳон ғолиб мебарояд? Фақат он касе, ки ба Писари Худо будани Исо бовар мекунад.
6Исои Масеҳ ҳамонест, ки ба воситаи обу хун омадааст. Ӯ на фақат ба воситаи об, балки ба воситаи обу хун омадааст. Инро Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки Рӯҳ ҳақ аст. 7Зеро се шоҳид ҳаст, ки шаҳодат медиҳад: 8Рӯҳ, об ва хун ва ҳар сеи онҳо забон як доранд. 9Мо шаҳодати инсонро қабул мекунем, вале шаҳодати Худо чӣ қадар бештар боварибахш аст. Охир дар ин ҷо Худи Худо дар бораи Писараш шаҳодат додааст. 10Касе, ки ба Писари Худо бовар мекунад, дар дили худ ин шаҳодатро дорад. Аммо ҳар кӣ ба Худо бовар намекунад, Ӯро дурӯғгӯй месозад, чунки ба шаҳодате, ки Худо дар бораи Писараш додааст, бовар накард. 11Ин ҳам шаҳодати Худо аст, ки Ӯ ба мо ҳаёти абадӣ бахшидааст ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст. 12Ҳар кӣ бо Писар аст, ин ҳаётро дорад ва ҳар кӣ бо Писари Худо нест, ин ҳаётро надорад.
Хулоса
13Ман ин суханонро ба шумое, ки ба Писари Худо бовар мекунед, менависам, то донед, ки соҳиби ҳаёти абадӣ ҳастед. 14Бино бар ин, мо дар ҳузури Худо ин бовариро дорем, ки ҳар чи мувофиқи хости Ӯ хоҳиш кунем, Ӯ ба мо гӯш меандозад. 15Пас, агар донем, ки Ӯ ҳар хоҳиши моро мешунавад, мо инчунин медонем, ки чизи хоҳишкардаамонро ба даст овардаем.
16Агар шумо бинед, ки бародар ё хоҳаратон гуноҳе мекунад, ки ба марг намебарад, бояд барояш дуо кунед ва Худо ба ӯ ҳаёт мебахшад, яъне ба оне, ки гуноҳи ба марг набаранда мекунад. Чунки гуноҳе ҳаст, ки ба марг мебарад ва ман намегӯям, ки барои чунин гуноҳ бояд дуо кунед. 17Ҳамаи корҳои нодуруст гуноҳ ҳастанд, вале ин гуноҳест, ки ба марг намебарад. 18Мо медонем, ҳар касе ки аз Худо таваллуди нав ёфтааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, балки Писари Худо онҳоро эҳтиёт мекунад ва шайтон ба онҳо даст расонда наметавонад. 19Мо низ медонем, ки мо фарзандони Худо ҳастем ва тамоми ҷаҳон зери дасти шайтон мебошад. 20Мо боз медонем, ки Писари Худо омад ва ба мо қобилияти фаҳмиданро додааст, то мо Ҳамонеро, ки ростӣ аст, шиносем. Мо бошем, дар Ҳамоне, ки ростист ва дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ аст.
21Фарзандони азиз, худро аз бутпарастӣ эҳтиёт кунед.

Currently Selected:

1 Юҳанно 5: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in