YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* Пешгуфтор

Пешгуфтор
Исои Масеҳ Павлусро, ки муаллифи ин нома аст, тақрибан соли 50-уми пас аз милод ба шаҳри Қуринтус фиристода буд. Дар он замон Қуринтус шаҳри калони юнонӣ дар зери итоати шоҳаншоҳи Рум буд ва ба он ҷо савдогарон аз дигар давлатҳо барои хариду фурӯш меомаданд. Дар он шаҳр пайравони динҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Павлус ба Қуринтус омада, мардумро таълим медод, ки Исо чӣ гуна вафот кард, чӣ гуна гӯронида шуд ва чӣ гуна Ӯ аз мурдагон зинда гардид ва ҳамин тавр ҳозир Ӯ моро аз гуноҳҳоямон наҷот дода, бо Худо оштӣ дода метавонад.
Онҳое ки хушхабари Масеҳро қабул карданд, аз динҳои гуногун, баъзеашон яҳудӣ, вале бисёрашон бутпараст буданд. Павлус ба онҳо таълим медод, ки чӣ гуна Худои ҳақиқиро бояд парастиш намуд ва чӣ гуна ҳамчун ҷамоати имондорон барои дуо, омӯзиши Навиштаҷоти муқаддас ва рӯҳбаландкунии якдигар бояд ҷамъ шаванд. Ӯ дар он ҷо якуним сол истод, баъд он шаҳрро тарк карда, сафарашро давом дод.
Ин мактуб дар бораи он аст, ки чӣ гуна масъалаҳои душворро бояд ҳал намуд. Одамон ба Павлус хабар дода буданд, ки дар байни имондорони шаҳри Қуринтус ҷудоиандозӣ ва дигар масъалаҳо пайдо шудааст. Барои ҳамин ӯ ин мактубро навишт, то ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳад ва дар ҳалли мушкилиҳояшон ёрӣ расонад. Ӯ ба онҳо таълим медиҳад, ки чӣ гуна дар масъалаи гуноҳи ҷинсӣ, хӯроки ба бутҳо тақдимшуда ва дигар саволҳое, ки ба ҷамъомади парастиш дахл доранд, ҳамчун имондор бояд фикр ва рафтор кунанд.
Ин мактуб ба хонандагони имрӯза ҳам дахл дорад. Он ба мо дар ҷамоати имондорон роҳҳои ҳалли масъалаҳоро меомӯзонад, ки чӣ гуна бо гунаҳкорони ҷамоат, ки тавба кардан намехоҳанд, рафтор кунем, чӣ тавр гуногунфикриро бояд ҳал намоем ва ба фарҳанги гирду атрофамон чӣ хел муносибат кунем.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in