YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 7

7
Дар бораи никоҳ
1Шумо қуринтиён ба ман дар мактуби пешинаатон навишта будед, ки зан нагирифтани мард беҳтар аст. 2Лекин барои пешгирӣ кардани гуноҳи ҷинсӣ беҳтар аст, ки ҳар мард зани худ ва ҳар зан шавҳари худро дошта бошад. 3Бигзор шавҳар нисбат ба занаш ва зан нисбат ба шавҳараш вазифаҳои заношӯйиро иҷро кунад. 4Зан бар бадани худ ихтиёрдор нест, зеро он аз они шавҳар аст. Шавҳар низ бар бадани худ ихтиёрдор нест, зеро он аз они зан аст. 5Ба ғайр аз он ки бо ризогии тарафайн барои дуову рӯза вақт сарф мекунед, дар ҳолатҳои дигар аз якдигар дурӣ наҷӯед. Сипас, аз нав якҷоя шавед, вагарна шайтон ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон шуморо ба гуноҳи ҷинсӣ мебарад.
6Дар ин бора ман на фармон, балки маслиҳат медиҳам. 7Мехостам, ки ҳамаи одамон ба мисли ман дар ҳаёт атои муҷаррад мондан дошта бошанд. Лекин Худо ба ҳар кас қобилият ва атоҳои гуногун додааст. 8Ман ба шахсони муҷаррад ва бевазанон маслиҳат медиҳам, ки беҳтар аст издивоҷ накунанд ва мисли ман бимонанд. 9Вале агар тоқат карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд. Зан гирифтан беҳтар аст аз он ки ба ҳавасҳои алоқаи ҷинсӣ гирифтор шаванд.
10Ба одамони оиладор на ман, балки Худованд фармон медиҳад, ки зан аз шавҳараш набояд ҷудо шавад. 11Агар зан аз шавҳараш ҷудо шавад, бигзор дигар издивоҷ накунад ё бо шавҳараш оштӣ шавад. Мард ҳам набояд аз занаш ҷудо шавад.
12Ба дигарон бошад, на Худованд, балки ман мегӯям, ки агар марди имондоршуда зани беимон дошта бошаду он зан ба зиндагӣ бо шавҳараш розӣ бошад, мард набояд занашро талоқ диҳад. 13Ҳамчунин агар зани имондоршуда шавҳари беимон дошта бошаду он мард ба зиндагӣ бо занаш розӣ бошад, зан набояд шавҳарашро тарк кунад. 14Зеро шавҳари беимон ба воситаи зани имондораш ва зани беимон ба воситаи шавҳари имондораш пок мегардад. Дар чунин ҳолат кӯдаконатон пок ҳастанд, вагарна онҳо нопок мебуданд. 15Вале агар ҳамсари беимон ҷудо шудан хоҳад, бигзор ҷудо шавад. Дар чунин вазъият ҳамсари имондор маҷбур нест, ки бо ҳамсари беимон зиндагиро давом диҳад. Худо моро ба осоиштагӣ даъват кардааст. 16Эй зани имондор! Эй марди имондор! Кӣ медонад, ки агар ҳамроҳи ҳамсари беимон зиндагӣ кардан гиред, ӯро наҷот дода метавонед.
Дар ҳамон ҳолате ки даъват шуда будед, боқӣ монед
17Ба ҳар ҳол ҳар якеатон мувофиқи ҳаёте, ки Худованд додааст, зиндагӣ кунед ва дар ҳамон ҳолате ки Худо шуморо даъват кардааст, бимонед. Ман ба ҳама ҷамоатҳои имондорон чунин фармон медиҳам. 18Агар касе хатнашуда бошад, хатнашуда боқӣ монад ва агар хатнанашуда бошад, хатна накунад. 19Байни хатнашуда ва хатнанашуда фарқ нест. Муҳим он аст, ки шахс фармонҳои Худоро риоя кунад.
20Бигзор ҳар кас дар ҳамон ҳолате, ки Худо ӯро даъват карда буд, боқӣ монад. 21Агар ҳангоми ғулом буданатон Худо шуморо даъват карда бошад, ки ба Масеҳ имон биёред, андӯҳгин нашавед. Лекин агар имконияти озод шудан бошад, онро истифода баред. 22Зеро ғуломе, ки Худованд ӯро даъват кардааст, барои Худованд озод аст. Инчунин шахси озоди даъватшуда ғуломи Масеҳ аст. 23Худо шуморо бо нархи гарон харидааст, барои ҳамин ғуломи одамон нашавед. 24Бародарону хоҳарон, дар ҳамон ҳолате ки Худо шуморо даъват карда буд, боқӣ монед.
Дар бораи муҷаррадон ва бевазанон
25Дар бораи духтарон аз Худованд ягон фармон надорам. Лекин мехоҳам, ки андешаи худамро гӯям. Аз он ки Худованд ба ман раҳм карда, маро фиристода таъйин кард, ба ман бовар кардан мумкин аст. 26Фикр мекунам, ки дар ин замони душвор беҳтар аст ҳар кас дар ҳамон ҳолаташ бимонад. 27Яъне агар оиладор бошед, ҷудо нашавед. Агар безан бошед, зан нагиред. 28Лекин агар зан гиред ҳам, гуноҳ намекунед. Инчунин агар духтаре ба шавҳар барояд, гуноҳ намекунад. Азбаски дар ҳаёти занушавҳарӣ азобҳо зиёданд, ман раҳми шуморо мехӯрам.
29Бародарону хоҳарон, ман гуфтаниам, охирзамон наздик асту вақт кам мондааст, барои ҳамин фарқ надорад, ки шахс оиладор ҳаст ё не. 30Инчунин фарқ надорад, ки шахс гиря мекунад ё хушҳолӣ мекунад, харид мекунад ё хариде намекунад. 31Касе, ки бо корҳои дунявӣ машғул аст, набояд саргарми кор шавад, балки ба корҳои Худованд аҳамияти калон диҳад, зеро ин дунё гузарон аст.
32Ман мехоҳам, ки шумо аз ташвишҳо озод бошед. Марди безан ба корҳои Худованд банд аст, то ки ба Ӯ писанд ояд. 33Вале марди оиладор барои ба занаш писанд омадан ба корҳои ҷаҳонӣ банд аст ва 34ба ду тараф тақсим шудааст. Духтар ё бевазан саргарми корҳои Худованд аст, то ки ҳам рӯҳану ҳам ҷисман ба Худованд бахшида шуда бошад. Зани шавҳардор барои ба шавҳараш писанд омадан ба корҳои ҷаҳонӣ банд аст. 35Ман инро барои фоидаи шумо мегӯям ва на барои он ки шуморо аз ягон чиз маҳрум кунам, то ки шумо ба корҳои дигар банд нашуда, парҳезгорона ва пайваста дар хизмати Худованд бошед.
36Агар марде фикр кунад, ки нисбат ба номзади худ нодуруст рафтор мекунад ва ҳавасҳои шаҳвониашро идора карда натавонаду фикр кунад, ки бояд зан гирад, бигзор бо ҳамон духтар оиладор шавад. 37Лекин агар мард қарор диҳад, ки зан намегирад, ба оиладоршавӣ эҳтиёҷ надорад ва ҳавасҳои шаҳвониашро идора карда метавонад, хуб аст, ки зан нагирад. 38Ҳар касе, ки зан мегирад, рафтори хуб мекунад ва ҳар касе, ки зан намегирад, боз ҳам хубтар рафтор мекунад.
39Зан ҳангоми зинда будани шавҳараш ба ӯ тааллуқ дорад. Пас аз вафоти шавҳараш ӯ ба шахси дилхоҳаш ба шавҳар баромада метавонад. Муҳимаш он аст, ки он мард ба Худованд имон дошта бошад. 40Маслиҳат медиҳам, ки агар зан дуюмбора шавҳар накунад, хушбахттар мешавад. Ба фикрам, маслиҳати додаам аз ҷониби Рӯҳи Худост, ки Ӯ дар вуҷуди ман аст.

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 7: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in