YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 3

3
Ман ва Апуллус – хизматгорони Масеҳ
1Ман ба шумо ҳамчун одамони рӯҳонӣ, яъне ҳамчун одамоне, ки Рӯҳулқудс роҳнамоӣ мекунад, сухан гуфта натавонистам. Баръакс ман ба шумо ҳамчун одамони ҷаҳонӣ гап задам, ки гӯё шумо кӯдакони навзод дар Масеҳ бошед. 2Ба шумо на хӯроки сахт, яъне паёми пурраи Худо, балки танҳо шир дода тавонистам. Зеро шумо барои хӯроки сахт тайёр набудед ва то ҳол тайёр нестед. 3Шумо то ҳол ҷаҳонӣ ҳастед. Ҳасаду ҷанҷоле, ки дар байнатон ҳаст, нишон медиҳад, ки шумо нафсонӣ ҳастед ва мисли одамони ин ҷаҳон рафтор мекунед. 4Агар яке «Ман пайрави Павлус ҳастам», дигаре «Ман пайрави Апуллус ҳастам» гӯяд, шумо аз одамони ин дунё чӣ фарқ доред? 5Охир худи Апуллус кист? Павлус кист? Мо фақат хизматгорони Худо ҳастем, ки шумо ба воситаамон ба Масеҳ имон овардед ва ҳар кас вазифаеро, ки Худованд ба вай супорида буд, иҷро намуд. 6Шумо киштзори Худо ҳастед, ки ман дар он тухм коридам, Апуллус онро об дод, вале Худо онро сабзонид! 7Бино бар ин, на корандаву обдиҳанда, балки Худо муҳим аст, ки тухмро месабзонад. 8Коранда ва обдиҳанда як мақсад доранд ва ҳар якеашон мувофиқи меҳнати худ аз Худо мукофот мегиранд. 9Мо ҳамкорони Худо ҳастем ва шумо киштзори Ӯ ҳастед.
Ҳамчунин шумо иморате ҳастед, ки Худо онро месозад. 10Чӣ хеле ки бинокори хирадманд пеш аз сохтани иморат таҳкурсӣ мегузорад, ман низ бо файзу меҳрубонии Худо аввалин шуда, дар бораи Масеҳ хушхабарро ба шумо расонда, таҳкурсӣ гузоштам. Чӣ хеле ки бинокорони дигар дар болои таҳкурсӣ иморат месозанд, пас аз ман муаллимони дигар омада, шуморо таълим дода истодаанд. Аммо онҳо кореро, ки ман сар кардам, боэҳтиёт бояд давом диҳанд. 11Чунки ҳеҷ кас ба ғайр аз таҳкурсии гузошташуда, ки он Исои Масеҳ аст, таҳкурсии дигаре гузошта наметавонад. 12Шахс метавонад бар рӯйи ин таҳкурсӣ аз тиллову нуқра, сангҳои қиматбаҳо, чӯб ва аз хасу хошок хона созад. 13Вале дар рӯзи қиёмат Худо кори ҳар касро бо оташ месанҷад, чунки оташ сифати кори ҳар касро нишон медиҳад. 14Агар он чи бинокор дар болои таҳкурсӣ сохтааст, ба оташ тоб оварад, ӯ мукофот мегирад. 15Агар дар оташ сӯхта нобуд шавад, бинокор аз мукофот маҳрум мешавад. Вале худаш мисли шахсе, ки гӯё аз даруни оташ бароварда шуда бошад, наҷот меёбад.
16Дар гузашта Худо дар макони муқаддасаш, яъне дар маъбад ҳузур дошт. Ҳоло бошад, донед, ки шумо маъбади Худо ҳастеду Рӯҳаш дар байни шумо зиндагӣ мекунад. 17Агар касе маъбади Худоро нобуд кунад, Худо ӯро низ нобуд месозад. Чунки маъбад танҳо ба Худо тааллуқ дорад ва ҳамон маъбад шумо ҳастед.
18Ҳеҷ кас худашро фиреб надиҳад! Агар касе аз байни шумо худро дар ин дунё хирадманд ҳисоб кунад, бигзор дар назари ин ҷаҳон нодон тобад, то ки дар назари Худо хирадманд гардад. 19Чунки ҳикмату дониши инсонӣ дар назари Худо нодонист. Дар навиштаҷот омадааст, ки «Худо ҳакимонро ба доми макри худашон меафтонад»#3:19 Айюб 5:13. 20Ҳамчунин навишта шудааст:
«Худованд андешаҳои хирадмандонро медонад.
Ӯ медонад, ки он ҳеҷу пуч аст».#3:20 Забур 93:11
21Хулоса, аз ягон одам, ки пайраваш ҳастед, фахр накунед. 22Ҳам Павлус, ҳам Апуллус ва ҳам Петрус аз они шумо ҳастанд. Ҳама чиз ба шумо тааллуқ дорад. Ин ҷаҳон, маргу зиндагӣ, ҳозираву оянда низ аз они шумост. 23Шумо бошед аз они Масеҳ ҳастед ва Масеҳ аз они Худост.

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in