YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 2

2
Дар бораи Масеҳи мехкӯбшуда
1Бародарону хоҳарон, ман ба пеши шумо барои эълон кардани шаҳодат дар бораи Худо омадам. Лекин онро бе калимаҳои адабӣ ва хиради инсонӣ гуфтам, 2чунки ман қарор додам, ки ба шумо танҳо дар бораи Исои Масеҳ ва марги Ӯ дар салиб сухан мегӯям. 3Барои ҳамин дар наздатон суст ва дар тарсу ларзи бузурге будам. 4Суханону паёмамро бо суханони зебо ва ҳикмату дониши инсонӣ таълим намедодам, балки бо қуввати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо онро ба шумо расондам. 5То ки бо ин тарз имони шумо на ба андешаҳои одамӣ, балки ба қуввати Худо такя кунад.
Ҳикмати Худо
6Вале мо барои имондорони баркамол хирадро эълон мекунем, лекин мо ҳикмату дониши ин ҷаҳон ё хиради ҳукмронони ин ҷаҳонро, ки нобуд мешаванд, таълим намедиҳем. 7Хираде, ки мо эълон мекунем, нақшаи хирадмандонаи Худост. Пеш аз офариниши олам Ӯ қарор дода буд, ки нақшааш барои манфиати мо аст, аммо онро пинҳон кард. 8Лекин ҳукмронони ин замон ин нақшаи хирадмандонаи Худоро намедонистанд, чунки агар медонистанд, Худованди бузургро ба салиб мехкӯб карда намекуштанд. 9Чунон ки дар навиштаҷот омадааст:
«Он чиро, ки Худо барои онҳое ки Ӯро дӯст медоранд, муҳайё кардааст,
чашме надида, гӯше нашунида
ва дар борааш фикре ба дили одамизод наомадааст».#2:9 Ишаъё 64:4
10Аммо ин хирадро Худо ба воситаи Рӯҳаш ба мо ошкор кардааст. Зеро Рӯҳи Худо аз тамоми чиз, ҳатто аз андешаҳои Худо огоҳ аст. 11Андешаҳои шахсро ғайр аз рӯҳаш, ки дар ӯст, касе намедонад. Андешаҳои Худоро низ танҳо Рӯҳи Худо медонад. 12Мо на рӯҳи ин ҷаҳон, балки Рӯҳи Худоро қабул кардаем, то ҳар он чиро ки Худо ба мо ато додааст, бидонем.
13Суханонамонро на бо калимаҳое, ки ҳикмату дониши инсонӣ ба мо ёд додааст, балки бо калимаҳое, ки Рӯҳи Худо ба мо ёд додааст, мегӯем. Ҳамин тавр чизҳои рӯҳониро ба одамони рӯҳонӣ мефаҳмонем. 14Касе ки рӯҳонӣ нест, аз Рӯҳи Худо ҳақиқатро қабул намекунад. Ин барояш беақлӣ аст, чунки ӯ қобилияти фаҳмидани онро надорад. Онро фақат бо ёрии Рӯҳ фаҳмидан мумкин аст. 15Аммо шахсе ки Рӯҳулқудс дорад, рӯҳонӣ аст ва ба ҳама чиз баҳо дода метавонад, лекин дигарон ба ӯ баҳо дода наметавонанд. 16Зеро дар навиштаҷот омадааст: «Ҳеҷ кас андешаҳои Худовандро фаҳмида наметавонад ва ҳам ба Ӯ маслиҳат дода наметавонад#2:16 Ишаъё 40:13».
Азбаски мо бо Масеҳ ҳамфикр шудем, андешаҳояшро мефаҳмем.

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 2: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in