YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 1

1
Саломи Павлус
1-2 Салом ба ҷамоати имондорони шаҳри Қуринтус, яъне ба шумо, ки бо Исои Масеҳ муттаҳид гардида, пок шудаед! Худо шумо ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ҳама ҷо ба Исои Масеҳ дуо мекунанд, ҳамчун халқи Худ интихоб кардааст. Исои Масеҳ Худованди мову онҳо мебошад. Ман, Павлус, ки бо хости Худо фиристодаи Исои Масеҳ интихоб шудаам ва бародари мо Сӯстинис 3файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Худо Падари мо ва Худованд Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем.
Миннатдории Павлус ба Худо
4Ман ҳамеша Худоямро барои шумо, ки ба воситаи Исои Масеҳ бароятон файзу меҳрубонӣ додааст, шукр мегӯям. 5Чунки Худо шуморо дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳаматарафа, ҳам дар ҳар сухану ҳам дар ҳар дониш бой гардондааст, 6то ки шаҳодати мо дар бораи Масеҳ дар байни шумо мустаҳкам шавад. 7Ва дар ҳоле ки шумо бозгашти Худовандамон Исои Масеҳро интизор ҳастед, ба шумо аз тарафи Рӯҳи Худо ҳар намуди қобилият ато шудааст. 8Худо шуморо то охир устувор нигоҳ медорад, то ки дар рӯзи бозгашти Худовандамон Исои Масеҳ беайб бошед. 9Вафодор аст Худое, ки шуморо барои муносибат доштан бо Писари Худ Худованди мо Исои Масеҳ даъват намудааст.
Ҷудоиандозӣ дар ҷамоат
10Бародарону хоҳарон, аз шумо илтиҷо мекунам, ки ҳамаатон ба номи Худовандамон Исои Масеҳ бо якдигар якдил ва ҳамфикр ва дар як мақсад муттаҳид бошед. Дар байнатон ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳед.
11Инро барои он ба шумо мегӯям, ки ман аз хонаводаи хоҳар Хлӯӣ огоҳ шудам, ки шумо дар байни худ ҷанҷолу муноқиша мекунед. 12Ман дар назар дорам, ки шумо худро ба гурӯҳҳо тақсим карда, аз пайи роҳбарони гуногун меравед. Яке «Ман пайрави Павлус», дигаре «Ман пайрави Апуллус», нафаре «Ман пайрави Петрус» ва касе «Ман пайрави Масеҳ ҳастам» мегуфтааст. 13Ба ҷойи он ки ҳамаатон аз пайи Масеҳ равед, худро ба гурӯҳҳо тақсим карда байни худ баҳс мекунед. Оё ман ба хотири шумо ба салиб мехкӯб шудам?! Не, Масеҳ ба хотири шумо ба салиб мехкӯб шуд. Ё шумо ба номи ман таъмид гирифтед?! Албатта не! Ҳамаи шумо ба номи Исои Масеҳ таъмид гирифта, пайрави Ӯ шудед! 14Шукри Худо, ки ман ғайр аз Криспус ва Ғоюс ягон нафари шуморо таъмид надодаам. 15Барои ҳамин касе гуфта наметавонад, ки ман ӯро ба номи худам таъмид дода, пайрави худ гардондам. 16Ҳа, ман боз Истефанусро бо аҳли оилааш таъмид дода будам. Дар ёд надорам, ки дигар касеро таъмид дода бошам. 17Кори асосии ман таъмид додан нест, Масеҳ маро барои хушхабарро эълон кардан фиристодааст. Аммо хушхабарро набояд бо ҳикмату дониши инсонӣ эълон кард, вагарна марги Исои Масеҳ дар салиб қудраташро гум мекунад.
Ҳикмати Худо
18Барои нобудшавандагон паёми ба салиб мехкӯб шудани Масеҳ беақлӣ менамояд. Вале барои мо, ки дар роҳи наҷот ҳастем, ин хабар қуввати Худост. 19Зеро дар навиштаҷот омадааст: «Хиради хирадмандонро нобуд ва дониши донишмандонро рад мекунам».#1:19 Ишаъё 29:14
20Куҷост хирадманд?! Куҷост устоди шариат?! Куҷост баҳскунандаи ин замона? Магар Худо беақлӣ будани ҳикмату дониши ин ҷаҳонро нишон надодааст?! 21Худо хирадмандона қарор кард, ки ҷаҳон бо хиради худ ҳаргиз Ӯро нахоҳад шинохт. Ӯ чунин писандид, ки ба воситаи эълон кардани хушхабаре, ки ҷаҳон онро аблаҳӣ мешуморад, имондоронро наҷот диҳад. 22Зеро ҳангоме ки яҳудиён барои исбот муъҷиза меҷӯянду юнониён хирад, 23мо Таъйиншудаи Худо, яъне Масеҳро, ки ба салиб мехкӯб шуда буд, эълон мекунем. Ин барои яҳудиён васваса ва барои ғайрияҳудиён бехирадӣ аст. 24Вале барои касоне, ки Худо онҳоро даъват кардааст, чи яҳудию чи юнонӣ, Масеҳ қувват ва ҳикмати Худо аст. 25Зеро бехирадии Худо аз ҳикмату дониши одамизод болотар аст ва сустии Худо аз қуввати одамизод боқувватар аст!
26Бародарону хоҳарон, ба ёд оред, ки ҳангоме ки Худо шуморо даъват кард, чӣ гуна будед. Оё аз нигоҳи ин ҷаҳон дар байнатон хирадмандону боқудратон ва ашрофзодагон бисёр буданд?! 27Лекин Худо бехирадони ҷаҳонро интихоб намуд, то ки хирадмандонро беобрӯ кунад ва нотавонони ҷаҳонро интихоб намуд, то ки боқувватонро шарманда кунад. 28Ӯ одамони беқудрату назарногирро интихоб намуд, то ки ҳеҷ чиз будани одамони боқудратро нишон диҳад. 29Барои ҳамин ҳеҷ кас дар пеши Худо фахр карда наметавонад. 30Худо шуморо бо Исои Масеҳ муттаҳид намуда, ба воситаи Ӯ ба мо хиради Худро дод. Инчунин ба воситаи Масеҳ Худо моро росткор гардонда, халқи Худ кард ва аз гуноҳ озод намуд. 31Бинобар ин, чӣ хеле ки навиштаҷот мегӯяд, агар фахр кардан хоҳед, аз Худованд фахр кунед.#1:31 Ирмиё 9:24

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in