1
Матто* 26:41
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст».
Compare
Explore Матто* 26:41
2
Матто* 26:38
Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду ҳамроҳи Ман бедор бошед».
Explore Матто* 26:38
3
Матто* 26:39
Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта дуо кард: «Эй Падар! Агар илоҷе бошад, бигзор ин косаи азоб аз сари Ман дур шавад! Аммо бигзор на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
Explore Матто* 26:39
4
Матто* 26:28
Зеро ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман барои бахшида шудани гуноҳҳои одамони зиёд рехта мешавад.
Explore Матто* 26:28
5
Матто* 26:26
Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба шогирдонаш тақсим намуду гуфт: «Нонро бигиреду бихӯред, ки ин бадани Ман аст».
Explore Матто* 26:26
6
Матто* 26:27
Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карда, онро ба шогирдонаш дода гуфт: «Ҳамаи шумо аз коса бинӯшед.
Explore Матто* 26:27
7
Матто* 26:40
Баъд Ӯ ба назди он се шогирдаш баргашта дид, ки онҳо хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Ақаллан як соат ҳамроҳи Ман бедор истода натавонистед?
Explore Матто* 26:40
8
Матто* 26:29
Ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Падарам шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
Explore Матто* 26:29
9
Матто* 26:75
ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
Explore Матто* 26:75
10
Матто* 26:46
Бархезед, биравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад».
Explore Матто* 26:46
11
Матто* 26:52
Исо ба вай гуфт: «Шамшератро ба ҷояш гузор, чунки ҳар касе, ки шамшер ба даст мегирад, бо шамшер кушта мешавад.
Explore Матто* 26:52
Home
Bible
Plans
Videos