የYouVersion አርማ
የፍለጋ አዶ

Матто* 1

1
Аҷдодони Исои Масеҳ
1Аҷдодони Исои Масеҳ, ки аз насли шоҳ Довуд ва аз насли Иброҳим мебошад, инҳоянд:
2-6 Аз замони Иброҳим то замони шоҳ Довуд инҳо гузаштаанд: Иброҳим, писараш Исҳоқ, писари Исҳоқ Яъқуб, писарони Яъқуб Яҳудо ва бародаронаш, писарони Яҳудо Порасу Зараҳ (модари онҳо Томор буд), писари Форас Ҳесрун, писари Ҳесрун Ром, писари Ром Амминодоб, писари Амминодоб Наҳшун, писари Наҳшун Салмун, писари Салмун Бӯаз (модари ӯ Роҳоб буд), писари Бӯаз Убид (модари ӯ Рут буд), писари Убид Ишой ва писари Ишой шоҳ Довуд.
6-11 Аз шоҳ Довуд то замони ба шаҳри Бобил асир шуда рафтани халқи Исроил инҳо гузаштаанд: Довуд, писараш Сулаймон (модари Сулаймон пештар зани Уриё буд), писари Сулаймон Раҳабъом, писари Раҳабъом Абиё, писари Абиё Осо, писари Осо Юшофот, писари Юшофот Юром, писари Юром Узиё, писари Узиё Ютом, писари Ютом Оҳоз, писари Оҳоз Ҳизқиё, писари Ҳизқиё Менашше, писари Менашше Омун, писари Омун Юшиё ва писарони Юшиё Якунёву бародаронаш. Дар ин вақт исроилиёнро асир гирифта, ба сарзамини Бобил бурданд.
12-16 Аз замони ба сарзамини Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Якунё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содуқ, писари Содуқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Яъқуб ва писари Яъқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо мебошад.
17Инак, аз Иброҳим то шоҳ Довуд ҳамагӣ чордаҳ насл ва аз шоҳ Довуд то замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён чордаҳ насл ва аз замони асирӣ то Масеҳ чордаҳ насл гузаштааст.
Таваллуди Исои Масеҳ
18Таваллуди Исои Масеҳ чунин буд: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз хонадоршавӣ дар батни Марям аз қудрати Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо кӯдак пайдо шуд. 19Азбаски Юсуф некукор буд, нахост, ки Марямро дар пеши мардум шарманда кунад. Барои ҳамин ӯ ба хулоса омад, ки пинҳонӣ аз вай ҷудо шавад. 20Ҳангоме ки ӯ дар чунин фикр буд, фариштаи Худованд дар хобаш аён шуда, ба ӯ гуфт: «Эй Юсуф, насли шоҳ Довуд! Аз оиладор шудан бо Марям натарс, чунки ин кӯдак дар батни ӯ аз қудрати Рӯҳулқудс пайдо шудааст. 21Ӯ Писар таваллуд мекунад ва ту бояд ба Ӯ Исо ном гузорӣ, чунки Ӯ халқи Худро аз гуноҳҳояшон наҷот хоҳад дод».#1:21 Маънои номи Исо «Худованд наҷот медиҳад» аст.
22Ҳамаи ин воқеаҳо барои ба амал омадани гуфтаҳои Худованд, ки аллакай ба воситаи пайғамбар пешгӯйӣ шуда буданд, рӯй доданд:
23«Духтаре ҳомиладор мешавад
ва писаре таваллуд мекунад,
ки ба Ӯ Имонуил, яъне „Худо ҳамроҳи мо“ ном медиҳанд».#1:23 Ишаъё 7:14
24Юсуф аз хоб бедор шуда, фармони фариштаи Худовандро ба ҷо овард. Ӯ Марямро ба занӣ гирифт, 25вале то вақти таваллуд шудани Писар бо Марям ҳамбистар нашуд. Вақте ки Писар таваллуд шуд, Юсуф Ӯро Исо номид.

Currently Selected:

Матто* 1: KMO

ማድመቅ

Share

Copy

None

ያደመቋቸው ምንባቦች በሁሉም መሣሪያዎችዎ ላይ እንዲቀመጡ ይፈልጋሉ? ይመዝገቡ ወይም ይግቡ