Logotip YouVersion
Search Icon

Матто* 6:16-18

Матто* 6:16-18 KMO

Боз вақте ки рӯза мегиред, монанди одамони дурӯя рӯятонро ҷиддӣ вонамуд накунед. Зеро дурӯяҳо намуди зоҳириашонро ғамзада нишон медиҳанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯзадор ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед, то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падаратон, ки ниҳонбин аст, ба шумо мукофот хоҳад дод.