1
Инҷили Луқо 13:24
Китоби Муқаддас 1992, 1999
«Саъю кӯшиш кунед, ки аз дари танг дохил шавед, зеро ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон ба дохил шудан ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард, лекин нахоҳанд тавонист.
Спореди
Истражи Инҷили Луқо 13:24
2
Инҷили Луқо 13:11-12
Ва инак, зане ҳаждаҳ сол боз гирифтори рӯҳи заъф буд: вай қадхамида буд, ва қоматашро рост карда наметавонист. Исо чун вайро дид, вайро садо карда, гуфт: «Эй зан! Аз ранҷурии худ халос мешавӣ».
Истражи Инҷили Луқо 13:11-12
3
Инҷили Луқо 13:13
Ва дастҳои Худро бар вай гузошт; вай дарҳол қомат рост кард ва Худоро ҳамду сано хонд.
Истражи Инҷили Луқо 13:13
4
Инҷили Луқо 13:30
Ва инак, охиринҳо ҳастанд, ки аввалин хоҳанд шуд, ва аввалинҳо ҳастанд, ки охирин хоҳанд шуд».
Истражи Инҷили Луқо 13:30
5
Инҷили Луқо 13:25
Вақте ки Соҳиби хона бархоста, дарро бандад, шумо дар берун истода, дарро мекӯбеду мегӯед: „Худовандо! Худовандо! Ба мо воз кун“. Вале Ӯ дар ҷавоби шумо хоҳад гуфт: „Шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед“.
Истражи Инҷили Луқо 13:25
6
Инҷили Луқо 13:5
Не, мегӯям ба шумо; лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд».
Истражи Инҷили Луқо 13:5
7
Инҷили Луқо 13:27
Лекин Ӯ хоҳад гуфт: „Ба шумо мегӯям: шуморо намешиносам, ки аз куҷо ҳастед; ҳама аз Ман дур шавед, эй бадкорон“.
Истражи Инҷили Луқо 13:27
8
Инҷили Луқо 13:18-19
Ва Ӯ гуфт: «Малакути Худо ба чӣ монанд аст, ва онро ба чӣ монанд кунам? Он мисли донаи хардалест, ки касе онро гирифта, дар боғи худ партофт: ва он нумӯ карда, дарахти калоне шуд, ва мурғони ҳаво дар шохаҳояш ошьёна сохтанд».
Истражи Инҷили Луқо 13:18-19
Дома
Библија
Планови
Видеа