YouVersion logotips
Meklēt ikonu

Ҳастӣ 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Насли аввалин.
1Ва Одам бо зани худ Ҳавво хобид; ва ӯ ҳомила шуда, Қобилро зоид, ва гуфт: «Мардеро аз Худованд пайдо кардам».
2Ва боз бародари ӯ Ҳобилро зоид. Ва Ҳобил рамабон буд; ва Қобил зироаткор буд.
3Баъд аз мурури айём, Қобил аз маҳсули замин ҳадияе барои Худованд овард.
4Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;
5Аммо Қобил ва ҳадияи ӯро манзур надошт. Ва Қобил хеле ба хашм омад, ва рӯяш турш шуд.
6Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Чаро ба хашм омадӣ? Ва чаро рӯят турш шуд?
7Агар некӣ мекардӣ, оё мақбул намешудӣ? Ва чун некӣ накардӣ, гуноҳ дар сари остона аст, ва иштиёқманди туст, вале ту бар вай ҳукмфармо шав».
Кушандаи аввалин.
8Ва Қобил бо бародари худ Ҳобил сухан гуфт. Ва ҳангоме ки онҳо дар саҳро буданд, Қобил бар бародари худ Ҳобил қиём кард, ва ӯро кушт.
9Ва Худованд ба Қобил гуфт: «Бародарат Ҳобил куҷост?» Гуфт: «Намедонам; магар ман посбони бародарам ҳастам?»
10Ва гуфт: «Чӣ кор аст, ки кардӣ? Хуни бародарат аз замин сӯи Ман фарьёд мезанад.
11Ва акнун ту малъун ҳастӣ аз замине ки даҳони худро кушодааст, то ки хуни бародари туро аз дастат фурӯ барад.
12Ҳар гоҳ заминро кор кунӣ, он дигар қуввати худро ба ту надиҳад; ту сарсону овора дар ҷаҳон хоҳӣ буд».
13Ва Қобил ба Худованд гуфт: «Ҷазои гуноҳам бузургтар аст аз он ки бардошта тавонам.
14Инак, маро имрӯз аз рӯи замин бадар рондӣ, аз рӯи Ту низ пинҳон хоҳам шуд, ва сарсону овора дар ҷаҳон хоҳам шуд, ва ҳар кӣ маро дарьёбад, маро хоҳад кушт».
15Худованд ба вай гуфт: «Пас ҳар кӣ Қобилро бикушад, ҳафтчандон аз вай интиқом гирифта шавад». Ва Худованд бар Қобил аломате гузошт, то ҳар кӣ ӯро дарьёбад, ӯро накушад.
Ибтидои тамаддун.
16Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт.
17Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуда, Ҳанӯхро зоид. Ва ӯ шаҳре бино кард; ва он шаҳрро ба номи писари худ Ҳанӯх номид.
18Ва ба Ҳанӯх Ирод таваллуд шуд; Ирод Маҳиёилро ба дуньё овард; Маҳиёил Матушоилро ба дуньё овард; Матушоил Ломакро ба дуньё овард.
19Ва Ломак ду зан барои худ гирифт: номи яке Одо буд, ва номи дигаре Зилло.
20Одо Ёболро зоид: вай падари хайманишинон ва чорводорон буд.
21Ва номи бародараш Юбол буд: вай падари ҳамаи навозандагони ғиҷҷак ва най буд.
22Зилло низ Тубалқобилро зоид, ки пардозгари ҳар олати мис ва оҳан буд. Ва хоҳари Тубалқобил Наамо буд.
23Ва Ломак ба занони худ гуфт:
«Эй Одо ва Зилло!
Овози маро бишнавед,
эй занони Ломак!
Ба сухани ман гӯш диҳед:
ман барои захми худ мардеро куштам,
ва барои зарби худ ҷавонеро.
24Агар барои Қобил ҳафтчандон интиқом гирифта шавад,
пас барои Ломак ҳафтоду ҳафтчандон».
Таваллуд ёфтани Шет,
аз нав барқарор шудани насли рӯҳонӣ.
25Ва Одам боз бо зани худ хобид; вай писаре зоид, ва ӯро Шет ном ниҳод; зеро, гуфт, Худо насли дигаре ба ман қарор дод, дар ивази Ҳобил, ки Қобил ӯро кушт.
26Ба Шет низ писаре таваллуд шуд, ва ӯро Анӯш номид; дар он вақт ба хондани исми Худованд шурӯъ карданд.

Pašlaik izvēlēts:

Ҳастӣ 4: KM92

Izceltais

Dalīties

Kopēt

None

Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties