Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
Минбаъд дар тамоми айёми замин
кишт ва дарав,
сармо ва гармо,
тобистон ва зимистон,
рӯз ва шаб
хотима нахоҳад ёфт».