Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам,
ва туро баракат диҳам,
ва номи туро бузург созам:
ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд,
ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд;
ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин
баракат хоҳанд хост».