Исо суханони Худро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо монанди он аст, ки шахсе ба замин донаҳо мепошад ва шабҳо хоб мераваду рӯзҳо бедор мешавад, донаҳо бошанд, сабзида нашъунамо меёбанд. Вале он шахс намедонад, ки донаҳо чӣ гуна сабзида, нашъунамо меёбанд.