1
Матто* 7:7
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Талаб кунед ва ба шумо дода мешавад, биҷӯед ва пайдо мекунед, дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад.
Palyginti
Naršyti Матто* 7:7
2
Матто* 7:8
Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
Naršyti Матто* 7:8
3
Матто* 7:24
Пас ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад, монанди марди дурандешест, ки хонаашро дар болои санг сохта буд.
Naršyti Матто* 7:24
4
Матто* 7:12
Ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Зеро асоси шариати Мусо ва гуфтаҳои пайғамбарон дар ҳамин аст.
Naršyti Матто* 7:12
5
Матто* 7:14
Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
Naršyti Матто* 7:14
6
Матто* 7:13
Аз дарвозаи танг дароед, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва касоне, ки аз он мегузаранд, бисёр ҳастанд.
Naršyti Матто* 7:13
7
Матто* 7:11
Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст чизҳои хубро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд.
Naršyti Матто* 7:11
8
Матто* 7:1-2
Исо давом дода гуфт: «Дигаронро айбдор накунед, то ки худ айбдор ҳисоб нашавед. Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор кунед, ҳамон тавр шумо низ айбдор ҳисоб мешавед ва бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд.
Naršyti Матто* 7:1-2
9
Матто* 7:26
Вале ҳар касе, ки ин гуфтаҳои Маро мешунаваду онро иҷро намекунад, монанди марди беақлест, ки хонаашро дар болои рег сохта буд.
Naršyti Матто* 7:26
10
Матто* 7:3-4
Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед? Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед, ки „Иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, ҳол он ки дар чашми худатон кунда доред?
Naršyti Матто* 7:3-4
11
Матто* 7:15-16
Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед, онҳо ба назди шумо дар намуди гӯсфандон меоянд, аммо дар ботин онҳо гургони даранда ҳастанд. Шумо онҳоро аз рӯйи амалашон мешиносед. Оё аз буттаи хор ангур ё анҷир мечинанд?
Naršyti Матто* 7:15-16
12
Матто* 7:17-18
Ҳар дарахти солим меваи хуб медиҳад ва меваи бад дода наметавонад, вале дарахти бад меваи бад медиҳад ва меваи хуб дода наметавонад.
Naršyti Матто* 7:17-18
13
14
Матто* 7:19
Ҳамаи дарахтоне, ки меваи хуб намеоваранд, бурида ба оташ партофта мешаванд.
Naršyti Матто* 7:19
Pradžia
Biblija
Planai
Vaizdo įrašai