1
Луқо* 6:38
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: то ба андозаи зиёди ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба шумо дода мешавад, зеро бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд».
Palyginti
Naršyti Луқо* 6:38
2
Луқо* 6:45
Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро мебарорад, зеро он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон берун меояд.
Naršyti Луқо* 6:45
3
Луқо* 6:35
Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони бад ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад.
Naršyti Луқо* 6:35
4
Луқо* 6:36
Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед.
Naršyti Луқо* 6:36
5
Луқо* 6:37
Дигаронро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед.
Naršyti Луқо* 6:37
6
Луқо* 6:27-28
Ман ба шумо, ки суханамро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед, барои онҳое, ки шуморо лаънат мекунанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки ба шумо бадӣ мекунанд, дуои хайр гӯед.
Naršyti Луқо* 6:27-28
7
Луқо* 6:31
Пас, ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед.
Naršyti Луқо* 6:31
8
Луқо* 6:29-30
Агар касе ба як тарафи рӯятон занад, тарафи дигари рӯятонро ба ӯ гардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад. Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.
Naršyti Луқо* 6:29-30
9
Луқо* 6:43
Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб намедиҳад.
Naršyti Луқо* 6:43
10
Луқо* 6:44
Чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. Аз буттаи хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд.
Naršyti Луқо* 6:44
Pradžia
Biblija
Planai
Vaizdo įrašai