1
Юҳанно* 10:10
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Дузд фақат барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд. Ман омадаам, ки гӯсфандонам ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёташон фаровон бошад.
Palyginti
Naršyti Юҳанно* 10:10
2
Юҳанно* 10:11
Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад.
Naršyti Юҳанно* 10:11
3
Юҳанно* 10:27
Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд.
Naršyti Юҳанно* 10:27
4
Юҳанно* 10:28
Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бигирад.
Naršyti Юҳанно* 10:28
5
Юҳанно* 10:9
Ман дар ҳастам. Ҳар касе ки ба воситаи Ман медарояд, наҷот меёбад. Ӯ ҳам медарояду ҳам мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад.
Naršyti Юҳанно* 10:9
6
Юҳанно* 10:14
Ман чӯпони нек ҳастам. Ман гӯсфандони Худро мешиносам ва онҳо Маро мешиносанд
Naršyti Юҳанно* 10:14
7
Юҳанно* 10:29-30
Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад. Ману Падарам як ҳастем».
Naršyti Юҳанно* 10:29-30
8
Юҳанно* 10:15
чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам. Ман ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.
Naršyti Юҳанно* 10:15
9
Юҳанно* 10:18
Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри Худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам».
Naršyti Юҳанно* 10:18
10
Юҳанно* 10:7
Инак, Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.
Naršyti Юҳанно* 10:7
11
Юҳанно* 10:12
Мардикор, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ба рама наздик шудани гургро бинад, гӯсфандонро монда, мегурезад ва гург ба онҳо дарафтода, онҳоро пароканда мекунад.
Naršyti Юҳанно* 10:12
12
Юҳанно* 10:1
Исо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигар гузашта дарояд, дузд ва роҳзан аст.
Naršyti Юҳанно* 10:1
Pradžia
Biblija
Planai
Vaizdo įrašai