1
Матто* 16:24
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад.
Kokisana
Luka Матто* 16:24
2
Матто* 16:18
Бино бар ин, ба ту мегӯям, ки ту Петрус, яъне санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати Худро бино менамоям, ки онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд.
Luka Матто* 16:18
3
Матто* 16:19
Ман ба ту калидҳои Подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳӣ, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад».
Luka Матто* 16:19
4
Матто* 16:25
Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад.
Luka Матто* 16:25
5
Матто* 16:26
Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Магар одамизод бар ивази ҷони худ товоне дода метавонад?
Luka Матто* 16:26
6
Матто* 16:15-16
Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Шимъуни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо ва Писари Худои зинда ҳастӣ».
Luka Матто* 16:15-16
7
Матто* 16:17
Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Ту хушбахт ҳастӣ, Шимъун, писари Юнус! Чунки инро ба ту на одамон, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, кушодааст.
Luka Матто* 16:17
Ndako
Biblia
Bibongiseli
Bavideo