1
Ҳастӣ 13:15
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Зеро тамоми заминеро, ки мебинӣ, ба ту ва ба насли ту то абад медиҳам.
Összehasonlít
Fedezd fel: Ҳастӣ 13:15
2
Ҳастӣ 13:14
Ва Худованд ба Абром, баъд аз он ки Лут аз ӯ ҷудо шуд, гуфт: «Акнун чашм андохта, аз мақоме ки дар он истодаӣ, ба ҷониби шимол, ва ҷануб, ва шарқ, ва ғарб назар кун.
Fedezd fel: Ҳастӣ 13:14
3
Ҳастӣ 13:16
Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.
Fedezd fel: Ҳастӣ 13:16
4
Ҳастӣ 13:8
Ва Абром ба Лут гуфт: «Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем.
Fedezd fel: Ҳастӣ 13:8
5
Ҳастӣ 13:18
Ва Абром хаймаи худро кӯчонда, равона шуд ва дар булутзори Мамре, ки дар Ҳебрӯн аст, маскан гирифт; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард.
Fedezd fel: Ҳастӣ 13:18
6
Ҳастӣ 13:10
Ва Лут чашм андохта, тамоми водии Урдунро дид, ки он, пеш аз он ки Худованд Садӯм ва Амӯроро хароб кунад, сар ба сар то Сӯар, мисли боғи Худованд, мисли замини Миср обшор буд.
Fedezd fel: Ҳастӣ 13:10
Kezdőoldal
Biblia
Tervek
Videók