YouVersioni logo
Search Icon

Инҷили Луқо 14:28-30

Инҷили Луқо 14:28-30 KM92

Зеро кист аз шумо, ки бурҷе сохтанӣ шуда, аввал нишаста харҷи онро ҳисоб накунад, ки оё ӯ имконияти ба анҷом расондани онро дорад, Ки мабодо, баъд аз ниҳодани таҳкурсии он, ба тамом карданаш қуввати ӯ нарасад, ва ҳамаи касоне ки инро мебинанд, ӯро тамасхур кунанд Ва гӯянд: „Ин шахс ба сохтан шурӯъ намуд ва ба тамом кардан кувваташ нарасид?“