Λογότυπο YouVersion
Εικονίδιο αναζήτησης

Матто* Пешгуфтор

Пешгуфтор
Воқеаҳои ин китоб дар асри якуми милодӣ дар вилоятҳои Яҳудия, Сомария ва Ҷалил (Исроил ва Фаластини ҳозира) рӯй додаанд. Яҳудиён насли пайғамбар Иброҳим буданд ва чанд аср пеш аз ин онҳо давлати мустақил доштанд. Вале дар асри якум сарзамини Яҳудия дар зери итоати шоҳаншоҳии Рум буд. Дар он вақт яҳудиён аз рӯйи пешгӯйиҳои қадим интизори Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо буданд. Ӯ бояд аз насли шоҳ Довуд меомад. Онҳо умед доштанд, ки Масеҳ онҳоро аз зери итоати румиён раҳо мекунад.
Муаллифи ин китоб Матто, яке аз дувоздаҳ шогирдони Исои Масеҳ мебошад, ки ҳаёт ва фаъолияти устоди худро ҳамчун шоҳиди зинда рӯйи варақ овардааст. Ӯ аз Рӯҳи Худо илҳом гирифта, ин китобро дар нимаи дуюми асри якум навиштааст, то нишон диҳад, ки Исои Масеҳ дар ҳақиқат ҳамон Таъйиншудаи Худо аст. Муаллиф аз китобҳои пайғамбарони гузашта чанд иқтибос оварда, исбот кардааст, ки дар ҳаёти Исои Масеҳ пешгӯйиҳо ба амал омадаанд.
Исои Масеҳ дар таълимоташ ибораи «Подшоҳии Худо»-ро бисёр истифода бурдааст. «Подшоҳии Худо» ин муносибат байни Худо ва халқи Ӯ мебошад ва дар он Худо ба шоҳ монанд карда шудааст. Зеро Ӯ халқашро муҳофизат мекунад ва ҳамаи эҳтиёҷоташонро бартараф намуда, онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Халқи Подшоҳии Худо онҳое ҳастанд, ки ба Ӯ такя мекунанду гуфтаҳояшро иҷро менамоянд. Дар ҳар ҷое, ки одамон Худоро ҳамчун Подшоҳи худ мешиносанд, Подшоҳии Худо дар он ҷо аст.
Таълимоти Исо дар ҳамаи давру замонҳо на фақат ба яҳудиён, балки ба тамоми халқҳои дигар дахл дорад. Ӯ дар бораи бисёр мавзӯъҳои ҳаётӣ, масалан ҷангу ҷидол, пул, талоқ, садақа ва рӯза сухан гуфтааст. Инчунин Масеҳ муъҷизаҳои бузург нишон медод ва беморонро шифо мебахшид. Бобҳои охири китоби Матто марг ва аз мурдагон зинда шудани Масеҳро тасвир мекунанд. Ӯ Худ гуфтааст, ки мақсади асосии омадани Ӯ ин буд: «Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам» (20:28).

Επιλέχθηκαν προς το παρόν:

Матто* Пешгуфтор: KMO

Επισημάνσεις

Κοινοποίηση

Αντιγραφή

None

Θέλετε να αποθηκεύονται οι επισημάνσεις σας σε όλες τις συσκευές σας; Εγγραφείτε ή συνδεθείτε