Юҳанно* 21:15-17

Юҳанно* 21:15-17 KMO

Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъуни Петрус гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро бичарон», – гуфт Исо. Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», – ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро чӯпонӣ кун», – гуфт Исо. Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъуни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, – гуфт ӯ ба Исо. – Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро бичарон.