1
Луқо* 23:34
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Исо гуфт: «Эй Падар! Онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор мекунанд!» Сипас, сарбозон барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд.
Vergleichen
Studiere Луқо* 23:34
2
Луқо* 23:43
Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, ки худи ҳамин рӯз бо Ман дар биҳишт мешавӣ».
Studiere Луқо* 23:43
3
Луқо* 23:42
Баъд ӯ гуфт: «Исо, илтимос, вақте ки дар тахти Подшоҳиат мешинӣ, маро ба ёдат биёр».
Studiere Луқо* 23:42
4
Луқо* 23:46
Исо бо овози баланд нидо кард: «Эй Падар! Рӯҳи Худро ба дасти Ту месупорам!» Инро гуфта, ҷон дод.
Studiere Луқо* 23:46
5
Луқо* 23:33
Чун ба ҷое, ки «Косахонаи Сар» ном дорад, расиданд, Исоро ба салиб мехкӯб карданд. Он ҷинояткоронро низ, якеро аз тарафи рост ва дигареро аз тарафи чапи Ӯ ба салибҳо мехкӯб карданд.
Studiere Луқо* 23:33
6
Луқо* 23:44-45
Қариби нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт. Офтоб рӯшноӣ намекард ва ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, дарида ду пора шуд.
Studiere Луқо* 23:44-45
7
Луқо* 23:47
Яке аз сардорони лашкар ин ҳодисаро дида, Худоро ҳамду сано хонд ва гуфт: «Дар ҳақиқат ин мард бегуноҳ буд».
Studiere Луқо* 23:47
Home
Bibel
Lesepläne
Videos