YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 21:25-27

Инҷили Луқо 21:25-27 KM92

Ва дар офтоб ва моҳ ва ситорагон аломатҳо зуҳур хоҳад ёфт, ва бар замин халқҳо ба ноумедӣ афтода, аз хурӯши баҳр ва ғалаёни мавҷҳо моту мабҳут хоҳанд шуд; Ва одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт, зеро ки кувваҳои афлок мутазалзил хоҳанд шуд. Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд.