Луқо* 7:7-9
Луқо* 7:7-9 KMO
Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди Ту биёям. Танҳо як амр деҳ ва хизматгорам шифо меёбад. Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „рав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад». Исо инро шунида ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад».