Луқо* 21:25-27
Луқо* 21:25-27 KMO
Дар офтобу моҳу ситорагон аломатҳо зоҳир мешаванд ва дар рӯйи замин мардум ба ғаму андӯҳ печида, аз хурӯши баҳру мавҷҳо ба ҳайрат меафтанд. Аз барои он ки ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд, одамон аз наздик шудани мусибате, ки ба сари ҷаҳон меояд, тарсида беҳуш мешаванд. Дар он вақт одамон Писари Одамизодро мебинанд, ки дар абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалоли бузурге меояд.