YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 8:29-31

Корнома* 8:29-31 KMO

Рӯҳулқудс ба Филиппус гуфт: «Ба ароба наздик шуда, баробари он бирав». Филиппус давида ба он наздик шуд ва шунид, ки марди ҳабашӣ китоби пайғамбар Ишаъёро мехонад. Филиппус аз вай пурсид: «Оё маънои он чиро, ки мехонӣ, мефаҳмӣ?» Марди ҳабашӣ ҷавоб дод: «Агар касе ба ман нафаҳмонад, чӣ хел фаҳмам?» Пас аз Филиппус хоҳиш намуд, ки ба ароба савор шуда, бо вай нишинад.