Аз ин сабаб Худо онҳоро ба ҳавасҳои нангин гирифтор кард: занони онҳо ҷимои табииро ба ҷимои ғайритабиӣ иваз карданд;
Ҳамчунин мардон ҷимои табииро бо занон тарк карда, оташи шаҳваташон ба якдигар баланд шуд, ва мард бо мард ба кирдори нангин машғул шуда, сазои иштибоҳи худро дар вуҷуди худашон диданд.
Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд