1
Инҷили Юҳанно 19:30
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.
Compare
Explore Инҷили Юҳанно 19:30
2
Инҷили Юҳанно 19:28
Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам».
Explore Инҷили Юҳанно 19:28
3
Инҷили Юҳанно 19:26-27
Чун Исо модари Худро бо он шогирде ки дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт: «Эй зан! инак писари ту». Ва баъд ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.
Explore Инҷили Юҳанно 19:26-27
4
Инҷили Юҳанно 19:33-34
Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд, Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
Explore Инҷили Юҳанно 19:33-34
5
Инҷили Юҳанно 19:36-37
Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд». Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегӯяд: «Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт».
Explore Инҷили Юҳанно 19:36-37
6
Инҷили Юҳанно 19:17
Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки «Ҷои косахонаи сар» ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд
Explore Инҷили Юҳанно 19:17
7
Инҷили Юҳанно 19:2
Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд
Explore Инҷили Юҳанно 19:2
Home
Bible
Plans
Videos