1
Инҷили Юҳанно 13:34-35
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред. Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред».
Compare
Explore Инҷили Юҳанно 13:34-35
2
Инҷили Юҳанно 13:14-15
Пас, агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед: Зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед.
Explore Инҷили Юҳанно 13:14-15
3
Инҷили Юҳанно 13:7
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Он чи Ман мекунам, алҳол намедонӣ, лекин баъд хоҳӣ фаҳмид».
Explore Инҷили Юҳанно 13:7
4
Инҷили Юҳанно 13:16
Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом бузургтар аз оғои худ нест, ва расул бузургтар аз фиристандаи худ нест.
Explore Инҷили Юҳанно 13:16
5
Инҷили Юҳанно 13:17
Ҳар гоҳ инро донистед, хушо шумо, агар инро ба амал оваред.
Explore Инҷили Юҳанно 13:17
6
Инҷили Юҳанно 13:4-5
Аз сари суфра бархоста, либоси Худро кашид ва дастмоле гирифта, ба камар баст; Баъд аз он ба тағорае об рехта, ба шустани пойҳои шогирдонаш ва хушконидани онҳо бо дастмоле ки ба камараш баста буд, шурӯъ намуд.
Explore Инҷили Юҳанно 13:4-5
Home
Bible
Plans
Videos