1
Ҳастӣ 37:5
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Ва Юсуф хобе дида, онро ба бародарони худ нақл кард; ва онҳо боз зиёдтар аз ӯ нафрат карданд.
Compare
Explore Ҳастӣ 37:5
2
Ҳастӣ 37:3
Ва Исроил Юсуфро аз ҳамаи писарони худ зиёдтар дӯст медошт, чунки ӯ писари пиронсолагиаш буд; ва барои ӯ куртаи рангин кард.
Explore Ҳастӣ 37:3
3
Ҳастӣ 37:4
Ва чун бародаронаш диданд, ки падарашон ӯро аз ҳамаи бародаронаш зиёдтар дӯст медорад, аз ӯ нафрат карданд, ва бо ӯ осуда сухан гуфта наметавонистанд.
Explore Ҳастӣ 37:4
4
Ҳастӣ 37:9
Ва ӯ боз хоби дигаре дид, ва онро ба бародарони худ нақл карда, гуфт: «Инак, боз хобе дидам, ва инак, офтоб ва моҳ ва ёздаҳ ситорагон ба ман саҷда карданд».
Explore Ҳастӣ 37:9
5
Ҳастӣ 37:11
Бародаронаш ба ӯ ҳасад бурданд; ва падараш инро дар хотир нигоҳ дошт.
Explore Ҳастӣ 37:11
6
Ҳастӣ 37:6-7
Ба онҳо гуфт: «Хоберо, ки дидаам, бишнавед: Инак, мо дар киштзор бандҳо мебастем; ва инак, банди ман бархост ва рост истод; ва инак, бандҳои шумо гирд омада, ба банди ман саҷда карданд».
Explore Ҳастӣ 37:6-7
7
Ҳастӣ 37:20
Акнун биёед, ӯро бикушем ва ба яке аз ин чоҳҳо биафканем, ва гӯем, ки ҳайвони даррандае ӯро хӯрдааст; ва бубинем, ки хобҳояш чӣ мешавад».
Explore Ҳастӣ 37:20
8
Ҳастӣ 37:28
Ва ҳангоме ки тоҷирони мидьёнӣ аз пеши онҳо мегузаштанд, Юсуфро аз чоҳ кашида бароварданд, ва Юсуфро ба исмоилиён ба бист сиккаи нуқра фурӯхтанд; ва Юсуфро ба Миср бурданд.
Explore Ҳастӣ 37:28
9
Ҳастӣ 37:19
Ва ба яқдигар гуфтанд: «Инак, соҳиби хобҳо ба ин ҷо меояд
Explore Ҳастӣ 37:19
10
Ҳастӣ 37:18
Вале онҳо ӯро аз дур диданд, ва пеш аз он ки ба онҳо наздик ояд, қасд карданд, ки ӯро бикушанд.
Explore Ҳастӣ 37:18
11
Ҳастӣ 37:22
Ва Реубен ба онҳо гуфт: «Хун нарезед; ӯро ба ин чоҳе ки дар биёбон аст, биафканед, ва дасти тааддӣ бар ӯ дароз накунед». Мехост, ки ӯро аз дасти онҳо раҳонида, назди падари худ гардонда фиристонад.
Explore Ҳастӣ 37:22
Home
Bible
Plans
Videos