1
Ҳастӣ 25:23
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».
Compare
Explore Ҳастӣ 25:23
2
Ҳастӣ 25:30
Ва Эсов ба Яъқуб гуфт: «Аз ин оши сурх барои хӯрданам бидеҳ, зеро ки аз гуруснагӣ лакот шудаам». Аз ин сабаб ӯро Адӯм номиданд.
Explore Ҳастӣ 25:30
3
Ҳастӣ 25:21
Ва Исҳоқ пеши Худованд дар ҳаққи зани худ зорию илтиҷо кард, чунки вай бенасл буд; ва Худованд илтиҷои ӯро қабул кард, ва занаш Равқо ҳомила шуд.
Explore Ҳастӣ 25:21
4
Ҳастӣ 25:32-33
Ва Эсов гуфт: «Инак, ман ба мурдан расидаам, ва аз ин нахустзодагӣ ба ман чӣ фоида?» Ва Яъқуб гуфт: «Ҳозир ба ман қасам ёд кун». Ва ба ӯ қасам ёд кард, ва нахустзодагии худро ба Яъқуб фурӯхт.
Explore Ҳастӣ 25:32-33
5
Ҳастӣ 25:26
Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъқуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.
Explore Ҳастӣ 25:26
6
Ҳастӣ 25:28
Ва Исҳоқ Эсовро дӯст медошт, чунки сайди ӯ ба муддаои табъаш буд; вале Ривқо Яъқубро дӯст медошт.
Explore Ҳастӣ 25:28
Home
Bible
Plans
Videos