1
Матто* 18:20
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман дар байни онҳо ҳузур дорам».
Compare
Explore Матто* 18:20
2
Матто* 18:19
Боз ба шумо мегӯям, ки агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро медиҳад.
Explore Матто* 18:19
3
Матто* 18:2-3
Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдон гузошта ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар сӯйи Худо барнагардед ва монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед.
Explore Матто* 18:2-3
4
Матто* 18:4
Пас ҳар кӣ ба мисли ин кӯдак хоксор бошад, дар Подшоҳии Худо бузургтар аст
Explore Матто* 18:4
5
Матто* 18:5
ва ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад.
Explore Матто* 18:5
6
Матто* 18:18
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳед, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад.
Explore Матто* 18:18
7
Матто* 18:35
Хуллас, агар бародаратонро аз самими дил набахшед, Падари осмониам бо шумо монанди он шоҳ рафтор мекунад».
Explore Матто* 18:35
8
Матто* 18:6
Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд.
Explore Матто* 18:6
9
Матто* 18:12
Чӣ фикр мекунед? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нуҳтояшро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумшудааш намеравад?
Explore Матто* 18:12
Home
Bible
Plans
Videos