Дар он ҷо зане буд, ки рӯҳи нопок, яъне ҷин ӯро ҳаждаҳ сол боз қадхамида карда буд ва ӯ ҳеҷ қоматашро рост карда наметавонист. Исо инро дида, ӯро ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд.